Офисы и банкоматы
Интернет-банк
Ба шахсони воқеӣ
Ба шахсони ҳуқуқӣ
Ба ташкилотҳои молиявӣ
Дар бораи бонк
Вазифаҳои холӣ
Тендерҳо
Ба ташкилотҳои молиявӣ Шабакаҳои муросилотӣ

Шабакаҳои муросилотӣ

ҶСП «Спитамен Бонк» барои кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои
муросилотӣ, инчунин барои пардохтҳои дохилӣ ва хориҷӣ
бо асъори хориҷӣ хизмат мерасонад.

Бо мақсади қонеъгардонии эҳтиёҷоти мизоҷон дар амалисозии ҳисоббаробаркунии ғайринақдии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, “Спитамен Бонк” мунтазам дар раванди густариши равобити мукотиботӣ мебошад.

Имрӯз, бо шарофати меҳнати муттасил, шабакаи мукотиботии Бонк имкон медиҳад, ки ҳисоббаробаркунӣ дар тамоми кишварҳои хориҷӣ амалӣ шавад. Бонкҳои шарики мо – яке аз боэътимодтарин ташкилотҳои молиявӣ, ки номи неки бисёрсола доранд. Шабакаи шариконро мунтазам васеъ гардонида, ба ҷорисозию инкишофи равобит бо ташкилотҳои давлатҳои иттиҳод, СҲШ, Аврупо ва Амрико диққати махсус дода мешавад.

Барои ҳисоббаробаркунии байналмиллалӣ, мизоҷони Бонк аз доллари ИМА, Евро, Рубли Россия истифода мебаранд. Дар баробари ин “Спитамен Бонк” ҳисоббаробаркуниро қариб бо ҳама асъорҳои хориҷӣ пешниҳод карда метавонад. Дар дохили Тоҷикистон тамоми ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ – Сомонӣ амалӣ мешаванд.

Дарҳои “Спитамен Бонк” ҳамеша ба имкониятҳои нав боз ҳастанд. Мо аз шунидани пешниҳодҳои шумо шод мегардем.