Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияташро соли 2008, ҳамчун ташкилоти қарзии хурд «Спитамен Капитал» шурӯъ кардааст. Дар муддати кӯтоҳ ба номи шарики боэътимоди молиявӣ ноил гашта, бо шарофати кори босамари мутахассисон ва рушди устувор, аллакай соли 2014 иҷозатномаи БМТ-ро барои фаъолияти бонкӣ мегирад.
Таҷрибаи бисёрсолаи кормандон, инкишофи пайваста, боварӣ ба тавонии худ ва ғамхорӣ нисбати мизоҷон Бонкро ба яке аз ташкилотҳои муваффақу боэътимод табдил дод.
Асрори комёбиҳои бонк равшан аст. Он дар бунёди равобити дарозмӯҳлат, шарикона ва судманд бо мизоҷон мебошад.
Бонк, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, аз рӯзҳои аввал барои ҷорӣ кардани технологияҳои нави иттилоотӣ кӯшиш менамуд. Ҳамин тавр дар «Спитамен Бонк», аввали соли 2015, низоми автоматикии бонкии Oracle FlexCube ба роҳ монда шуд, ки он яке аз низомҳои боэътимодтарини дунё ба ҳисоб меравад. Ин низом имкон дод, ки вақти хизматрасониро кӯтоҳ карда сифаташро хеле баланд бардоранд, маҳсулоти нав бароранд ё ба он дигаргунӣ ворид созанд ва муҳити ягонаи истеҳсолии бонкиро бо истифода аз архитектураи модулии муносибу ивазшаванда, барои бонкдории корпоративӣ, фардӣ ва инвеститсионӣ таъмин созанд.
Имрӯз, Бонк 21 филиал ва 48 МХБ дорад. Миқдори кормандон зиёда аз 900 нафар аст. Маҳсулоту хизматрасониҳои Бонк мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ коркард шудаанд. Яке аз мақсадҳои асосии бонк ин воридсозии технологияҳои нав ва маҳсулотҳои инноватсионӣ баҳри осонгардонии истифодабарии хизматрасониҳои бонкӣ дар зиндагонии ҳаррӯза барои мизоҷон аст.


Арзишҳои мо
Таваҷҷуҳ ба
мизоҷон

Хизматрасонии саривақтӣ ва босифат тавассути эҳтиром; дарки талаботи мизоҷон, инчунин муносибати баробар
Ростқавлӣ ва
шаффофият

Ростқавлӣ ва шаффофият нисбат ба худ, ҳамкорон ва мизоҷони Бонк
Маблағгузории
масъул

Таъмини мизоҷон бо маълумоти пурра
ва шаффоф, инчунин интихоби
дурусти маҳсулот ва
хизматрасониҳои мувофиқи бонкӣ.
Нишондодҳои мо
458 млн сомонӣ
Амонатҳои мизоҷон
1,3 млрд сомонӣ
Дороиҳо
187 млн сомонӣ
Сармоя
627 млн сомонӣ
Сандуқи қарзӣ
80 млн сомонӣ
Саҳмияҳои пардохташуда
36 млн сомонӣ
Натиҷаҳои молиявӣ
Нишонҳо ва брендинг
Дар ин саҳифа шумо намудҳои расмии истифодаи нишони Спитамен Бонк, инчунин қисми услуби фирмавиро хоҳед ёфт. Лутфан танҳо файлҳои аслиро истифода баред.
