Таърихи камолот

Ҳама чиз имконпазир аст!


06.04.2020

IMG_20190730_123009.jpg

Аслам Эшназаров ҳамеша орзу дошт, ки соҳиби тиҷорати шахсии худ бошад.

Қаҳрамони достони мо ба орзуяш расид. Ҳамчун коргари оддӣ таҷрибаи кофӣ гирифта, мутахассиси пешбари соҳаи худ гашт.

Аслам ҳамеша медонист, ки тавонотар аст ва тасмим гирифт корхонаи худро кушояд.

26 декабри соли 2018, дар мавзеи Каволаи шахри Панҷакент ӯ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Широз”-ро таъсис дод, ки имрӯз дар он 7 мутахассис кор мекунад ва 6 намуди маҳсулоти ширӣ аз қабили сметана, қаймоқ, кефир, панир, творог ва чакка истеҳсол карда мешавад.

IMG_20190730_123300.jpg

Аслам Эшназаров ба шарофати меҳнатдӯстӣ ва муносибати оқилона тавонист мустақилона бо мақсадҳои ба худ гузоштааш ноил гардад.

Ба имконоти бозор таваҷҷӯҳ карда ба хулосае омад, ки густариш зарур аст, Аслам тасмим гирифт, ки барои коргоҳ таҷҳизоти замонавӣ харидорӣ кунад ва технологияи пешқадамро дар коркарди шир ҷорӣ намояд. Аммо, ӯ барои амалӣ кардани нақшаи худ маблағи  кофӣ надошт, аз ин рӯ, пас аз таҳлил ва муқоисаи шароити қарздиҳии якчанд бонк, ӯ барои қарз гирифтан ба филиали наздиктарини Спитамен Бонк муроҷиат намуд.

IMG_20190730_123736.jpg

Аслам маблағҳои бадастовардаро барои рушди тиҷорати маҳбуби худ равона кард ва имрӯз ширкати ӯ бо истифода аз мошинҳои махсус (яхдон) дар муддати кӯтоҳ маҳсулотро ба нуқтаҳои савдо мерасонад.

- Барои сазовори зиндагии шоиста шудан, роҳи осон нест, аммо ба ҳама чиз метавон бо дили кушод муносибат карда имкониятҳои навро дуруст истифода бурд. - мегӯяд Аслам Эшназаров. - Дар ояндаи наздик, мо ният дорем, ки истеҳсоли яхмос ва йогуртро ба роҳ монем, инчунин фермаи ширии худро таъсис диҳем, то сокинони шаҳри Панҷакент ва атрофи он бо маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат таъмин карда шаванд.


Бозгашт