Таърихи камолот

Гулчеҳра Камолова: Дар дузандагӣ чи хел муваффақ бояд шуд


06.04.2020

История Успеха.jpg

Бо кори дӯстдошта машғул будан -роҳи расидан ба муваффақият ва даромади хуб аст.
Ба назди дӯзандагони моҳири либоси миллӣ ҳамеша аз мизоҷон навбати дароз меистад. Ин гуна мутахассисон аксари ҳол ателеи шахсӣ мекушоянд. Қаҳрамони имрӯзаи мо - Гулчеҳра Камолова – аз шумораи ин гуна коршиносон мебошад.

20190502_095244.jpg
Дар айёми кӯдакӣ Гулчеҳра нозукиҳои дӯзандагиро аз модаркалонаш омӯхтааст. Баъдтар, дониш ва малакае, ки дар овони кӯдакӣ ба даст овардааст ба Гулчеҳра барои кушодан ва рушд додани фаъолияташ кӯмак расонид.
Дар фаъолияти дӯзандагӣ на ҳама метавонанд ноил гардад. Чунки рӯзи дароз дар сари мошинаи дӯзандагӣ нишастан зарур аст. Барои муваффақ шудан на танҳо дӯхтанро дӯст доштан лозим меояд, балки назари тарроҳро дошта, мӯдро донистан муҳим аст.

20190502_095030.jpg

- Дӯзандаи моҳир бояд бо матоъҳои гуногун кор карда тавонад ва
ҳаррӯз маҳсулоти босифат тайёр кунад – мегӯяд Гулчеҳра.
 – Ман ҳамеша орзу доштам, ки дӯзандаи моҳири либос шуда, ателеи худро дошта бошам. Вале маблағ барои он кифоя набуд. Дар бораи паст шудани фоизҳои Спитамен Бонк хабар ёфта, дарҳол барои гирифтани қарз қарор кардам. Орзуи ман амалӣ гашт!
Гулчеҳра аз Спитамен Бонк барои рушди фаъолият маблағ қарз гирифта, тиҷорати худро васеътар намуд. Мизоҷон зиёдтар шуданд. Имрӯз, дар ателеи Гулчеҳра 4 нафар дӯзанда кор мекунанд, ки бо тарҳрезии инфиродии либосҳои занона ва кӯдакона машғул ҳастанд.

Гулчеҳра дар оянда низ мехоҳад фаъолияти дӯзандагии худро идома диҳад ва барои ин ҳама кӯшишҳояшро ба харҷ медиҳад.

Бозгашт