Ғуломҷон Буриев – Нонпаз аз шаҳри Ваҳдат
06.04.2020
Нон – асоси дастархони ҳар як оилаи тоҷик мебошад. Соҳибкорӣ дар ин соҳа аз фасли сол вобастагӣ надорад, чункӣ нон маҳсулоти рӯзмарра мебошад.
Ғуломҷон Буриев – яке из истеҳсолкунандагони нони миллӣ бо кунҷид дар шаҳри Ваҳдат мебошад. Таърихи нонвойхонаи оилавиашон аз бобову бобокалонҳояш, ки асосгузорони истеҳсоли нонҳои миллӣ буданд, сарчашма мегирад.

Таркиб ва технологияи истеҳсолро нонпазҳо дар хонаашон кор карда, баъдан малакаву дониши худро ба фарзандонашон ёд медоданд.

Моҳи ноябри соли 2015 Ғуломҷон ҳам ба тиҷорати оилавӣ ҳамроҳ шуд. Ҳамроҳи бародараш бо маблағҳои аз Спитамен Бонк қарз гирифтааш истеҳсолро ривоҷ доданд.
Ба гуфтаҳои Ғуломҷон, барои даромаднок шудани ин намуди истеҳсол, ҳисобҳои дақиқ, баррасии хатарҳо ва дурнамо, таҳлили бозор ва ба роҳ мондани фурӯш лозим аст. Намунаи тиҷорати устувор дар бозори нонпазӣ истеҳсоли нон аст, ки ҳам муштариёни яклухт ва ҳам чакана низ дорад.

Имрӯз, нонҳои пухташуда асосан дар бозори маҳаллӣ, ошхона ва мағозаҳои наздикӣ фурӯхта мешаванд. Талабот рӯз то рӯз афзуда истодааст.
Дар нонвойхонаи оилавӣ се нафар меҳнат мекунанд. Азбаски касби нонпазӣ душвор аст, коллективро танҳо мардон ташкил додаанд.
“Мо дар ҳақиқат кори худро дӯст медорем ва онро аз сидқи дил иҷро мекунем. Ҳар рӯз мо мекӯшем, ки ба муштариёни худ нони гарми хушмазза омода кунем”- мегӯяд Ғуломҷон.