Сирри муваффақияти устои кандакорӣ аз шаҳри Бохтар
Султонбек Култайевич Қодиров яке аз устои беҳтарини кандакорӣ бо сабки миллӣ дар шаҳри Бохтар мебошад. Ин ҳунарро Султонбек Қодиров аз бародарзодааш, ки дар навбати худ бо маҳорати худ дар ороиши сандуқ ва гаҳвораҳо машҳур буд, омухтааст.
Дар соли 2007 Қодиров Султонбек дар саҳни ҳавлии худ сехи истеҳсолии сандуқҳои анъанавӣ ва гаҳвораҳоро, ки бо нақши миллӣ ороиш мешаванд, кушод. Айни замон, дар сехи ӯ зиёда аз 10 нафар шогирдон нозукиҳои ҳунарро меомузанд.
Кандакорӣ – ҳунари диққатталабест, ки вақти зиёд лозим аст. Сандуқ ва гаҳвораҳои бо нақшу нигори миллии усто, ҳам дар шаҳри Бохтар ва ҳам аз ноҳияҳои ба мисли Румӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш ва дигарҳо талаб доранд. Новобаста аз серталаб будан, Султонбек Қодиров маҳсулотҳои худро гарон намекунад, аз ҳамин сабаб харидорони зиёд дорад.
Спитамен Банк аҳамияти нигоҳ доштани мероси ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандони касбиро дарк намуда бинобар ин, бо пешниҳоди қарзҳо на танҳо лоиҳаҳои бузургии саноатӣ, инчунин сехҳои хурди ҳунармандиро низ дастгирӣ мекунанд.