Таърихи камолот

Асрори тиҷорати бомуваффақияти Ясинов Сулаймон


28.03.2019

История Успеха.jpg

Сулаймон Ясинов – яке аз мизоҷони Спитамен Бонк буда, фаъолияти худро дар соли 1988 аз савдои чаканаи либосвории мардонаву занона дар бозори шаҳри Данғара  оғоз намудааст.   

«Шиносон маслиҳат доданд, ки дар бозори марказӣ бо тиҷорат машғул шавам. Кор аз харидани либосворӣ бо қарз, ки ба фурӯш бояд бароварда мешуд, оғоз шуд» - гуфт Сулаймон. 

Соли 2014  Сулаймон кушодани нуқтаи савдоро барои фурӯши лавозимоти мактабӣ ва канселярӣ қарор намуд.   

IMG_6311.JPG

Ба мақсади манфиат гирифтан сараввал дар бораи муҷаҳҳаз намудани нуқтаҳои савдоро фикр кардан лозим аст,- нақл кард Сулаймон –рафҳо барои ҷобаҷогузории лавозимот, инчунин равшании мағозаҳо, чунки равшании хуб барои мизоҷон  шароити фароҳам барпо мекунад. Ба ғайр аз ин, барои пурра намудани номгӯи лавозимот омода будан лозим аст, то маҳсулот ҳамеша ба мизоҷон дастрас бошад. 

IMG_6309.JPG

Барои пешрафти кор маблағ лозим шуд. «Барои гирифтани қарз ман ба Спитамен Бонк муроҷиат намуда, маблағро барои ривоҷ додани тиҷоратам ворид намудам» - мегуяд Сулаймон. 
  
Нуқтаҳои нави тиҷоратӣ дар шаҳрҳои Данғара ва Душанбе фаъол ҳастанд, вале  Сулаймон ният дорад тиҷорати худро рушд дода, хатти маҳсулот ва нуқтаҳои савдоро боз ҳам васеътар намояд.


Бозгашт