Таърихи камолот

Аз нуқтаи фурӯши чакана то мағозаи калони махсус


11.04.2019

история успеха.jpg

Азимов Муродулло  зиёда аз 15 сол аст, ки бо фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар бозори марказии шаҳри Ваҳдат машғул аст. Тиҷорати ӯ аз нуқтаи хурди фурӯш, якчанд халтаи семент ва қуттиҳои ранг оғоз шуд.   

Оҳиста–оҳиста тиҷорати ӯ ривоҷ гирифт. Нуқтаи хурди савдои Муродулло ба мағозаи ду ошёна бо номгӯи васеъи маҳсулоти сохтмонӣ аз мехча сар карда то зардевор ва  фарши паркет табдил ёфт. 

SAM_5402.JPG  
- Барои муваффақ ва рақобатпазир шудан ман ба пурра кардани навъҳои маҳсулот диққат медиҳам. Маблағ на ҳамеша кофӣ аст ва дар ин ҳолатҳо ба ман карзҳо аз Спитамен Бонк ёрӣ мерасонанд. - Мегӯяд Муродулло. – Ҳамчунин ҷустуҷӯ ва нигоҳ доштани мизоҷон муҳим мебошад. Гурӯҳи ҷолиби мизоҷон, харидорони яклухт мебошанд, чунки онҳо маҳсулоти сохтмониро дар ҳаҷмҳои калон мехаранд. Ин гурӯҳи мизоҷон на танҳо ба нарх, балки ба сифат ва навъи маҳсулот аҳамият медиҳанд.

SAM_5399.JPG

Барои зиёд намудани номгӯи маҳсулот Муродулло доимо талаботи бозори маҳаллиро таҳлил менамояд. Аз ҷумла, айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат корҳои сохтмонӣ барои бунёд намудани маҷмааҳои зистӣ ва хонаҳои шахсӣ рафта истодаанд ва ин боис аст, ки талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ зиёд аст. 

Муродулло нақша дорад, ки фаъолияти худро бо роҳи васеътар кардани минтақаи фарогирии маҳсулоти фурӯшӣ рушд диҳад.  



Бозгашт