Дарахт шинонд, писар ба воя расонд ва хонаҳо сохт


25.11.2020

4268a530-16b8-4b52-b6f6-3511767257c4.jpg

Мувофиқи яке аз ҳикматҳои халқӣ ҳар мард бояд ҳатман хона бисозад, писар ба воя расонад ва ақалан як дарахт шинонад. Дар роҳи иҷрои ин ҳадафҳо, қаҳрамони мо 7 сол пеш бори аввал барои гирифтани қарз ба бонк муроҷиат карда буд.

Пӯлодов Шербутта Тӯйчибоевичи 65-сола аз соли 1996 ба боғдорӣ машғул аст, аммо дар аввал бо сабабҳои муайян, кораш даромади дилхоҳ ба бор намеовард: замини хурди корӣ, шумораи ками ниҳолҳо, набудани таҷҳизот барои обёрии систематикии боғ ва дар натиҷа, ҳосили паст.

8ee5f4d0-600d-4258-80ea-f8bb9a56c152.jpg

Қаҳрамони мо дар бораи иҷораи замини калонтаре фикр мекард. Мехост писарони худро аз муҳоҷират бозхонд намуда, бо истифода аз технологияҳои муосир парвариши дарахти себро дар шароити Тоҷикистони шимолӣ ба роҳ монад.

Соли 2013 Шербутта Тӯйчибоевич бо истифода аз қарзҳои имтиёзноки Спитамен Бонк, барои 6 гектар замин ҳуҷҷатҳои иҷораро омода кард. Пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима, соҳибкор хоҷагии деҳқонӣ таъсис дод ва худи ҳамон сол 450 ниҳоли себи навъҳои «Семеренко» ва “Грини тиллоӣ” шинонд.

d56b370a-005f-4053-97ba-03109de86215.jpg

Пас аз шинонидан, нигоҳубини интенсивии ниҳолҳо оғоз гардид - ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ, буридан, обёрӣ, мониторинги афзоиши дарахтони ҷавон ва ғайра.
"Ҳар як тиҷорат душвориҳои худро дорад, боғдорӣ низ истисно нест, асос, нотарсидан қадами аввалро устувор гузоштан аст." - шарҳ медиҳад Шербутта Бобо.

747fcd98-f613-4b27-98ac-3ca3028a296a.jpg

Тӯли солҳои ҳамкории пайваста бо бонк ба қаҳрамони мо муяссар гардид, ки ин қитъаи заминро харад, барои ҳар як писари худ хона бисозад, саршумори чорворо дар хоҷагии худ афзоиш диҳад ва ба иззату эҳтироми ҳамагон сазовор шавад.

Спитамен Бонк дар навбати худ аз муваффақиятҳои мизоҷони худ ифтихор дорад ва дар таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон баъд аз ин ҳам саҳмгузор хоҳад буд!


Бозгашт