ҶСП "Евро-Азия 2005"


20.10.2020

44.jpg

Маҷмааи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "EURO-ASIA 2005" дар як минтақаи зебоманзари вилояти Суғд ҷойгир буда, ширкат аз соли 1997 инҷониб бомуваффақият обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ташнагишикан истеҳсол менамояд.

Дар соли 2016, бо мақсади баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатпазирӣ, роҳбарияти ширкат тасмим гирифтанд як қатор навовариҳоро ҷорӣ намоянд, аз ҷумла таҷҳизоти технологии истеҳсоли Беларусияро харидорӣ кунанд. 

11.jpg

Бо омӯхтани қарзҳои имтиёзноки Спитамен Бонк, онҳо ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани қарз ҷамъ меоранд ва бо фоизи мусоид қарз мегиранд. Бо маблағҳои бадастомада корхона навтарин таҷҳизоти истеҳсоли нӯшокиҳоро харидорӣ намуда, истеҳсолотро васеъ намуд.

22.jpg

Имрӯз, ширкат, ки мизоҷи доимии Спитамен Бонк мебошад, ҳамчунон нӯшокиҳои газдорро зери тамғаҳои «Лимонад No1 Чкаловский», «Ҳаватаг No1 Докторская» ва оби нуқрагини «Шаффоф»-ро истеҳсол мекунад.

Маҳсулотҳо аз ҷониби Тоҷикстандарт тасдиқ шудаанд, ки ин бори дигар сифати баланди онҳоро тасдиқ менамояд.

"EURO-ASIA 2005" якчанд сол пай дар пай ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Маҳсулоти беҳтарини сол" дар номинатсияҳои "Сифати санҷидашуда", "Нӯшокии сол", "Бренди сол" гардид. Маҳсулот дорои сертификати байналмилалии ISO-9001, сертификати мувофиқати Авруосиёии EAC, инчунин 11 медал, аз ҷумла 7 медали тилло дар намоишгоҳи байналмилалии "PRODEXPO" (Москва) мебошанд.

2eb84746-d696-4632-9eab-520cbdbde5bb.jpg
Ғайр аз ин, азбаски корхона бо қарори комиссияи намоишӣ, се сол пай дар пай ҳамчун "Корхонаи беҳтарини сол" шинохта шуд, муассис, Исмоилов Абдураҳим бо медали махсуси "Барои саҳмгузорӣ дар рушди саноати хӯрокворӣ" сарфароз гардонида шуд.

513491b2-04c1-46af-b4af-78fffe15c31d.jpg



Бозгашт