Аз монеаҳо наҳаросида, ба худ бовар бикун!


31.08.2020

3.jpg

Муваффақият насиби онҳое мешавад, ки аз мушкилиҳо наҳаросида дар роҳи расидан ба ҳадафҳои худ сайу талош меварзанд. Дар бораи таърихи муваффақияти худ ва монеаҳои роҳи он, мизоҷи Спитамен Бонк Тоиров Фарҳодҷон Раштиевич сухан гуфт.

Фархоҷони ҷавон, аз замони таҳсил дар донишгоҳ орзу мекард, ки соҳибкор шавад, мехост кори дӯстдоштааш ӯро бо даромади устувор таъмин намояд. Бо ин мақсад, соли 2016 бо маблағи ночизи ҷамнамудааш маркази таълимии томактабиро таъсис дода, кӯдаконро ба хониш фаро гирифт.

22.jpg

Коргоҳи ӯ аз ду утоқи корӣ , ки ҳар кадомаш барои ғунҷоиши то 10 нафар хонанда пешбинӣ шуда буд, иборат буд. Аз ин лиҳоз, дере нагузашта соҳибкори ҷавон бо мушкилии норасоии ҷойҳои хониш рӯ ба рӯ гардид.

Фарҳол ду роҳ дошт: ба даромади хурд, вале устувор қаноат кардан ва ё аз ҳавфҳои ҷойдошта натарсида, аз бонк қарз гирифтан ва васеъ намудани тиҷорат. Ӯ аллакай як таҳхонаи партофташудаеро дар яке аз маҳалҳои сераҳолӣ зери чашм карда буд.

Дар замоне, ки ғояи тиҷории ӯ барои бисёриҳо ғайривоқеӣ менамуд: ба иҷора гирифтани партовгоҳ ва онро ҳамчун маркази таълимӣ барқарор кардан, кумитаи қарзии филиали Спитамен Бонк дар шаҳри Бохтар, ин идеяро умедбахш дониста, аризаи соҳибкори ҷавонро барои гирифтани қарз тасдиқ кард.

11.jpg

«Бале, ин осон набуд, аммо ман ҳадафро дидам ва аз пайхаси монеаҳо дар роҳи он наҳаросидам. Рӯзи ифтитоҳи маркази таълимии "THE BEST", ҳамаи дӯстон ва онҳое, ки ба имконпазир будани матлабам боварӣ надоштанд, натиҷаи бадастомадаро дида, ҳайрон ва шод буданд. " - эътироф мекунад Фарходҷон.

Дар тӯли 4 соли ҳамкорӣ, тавассути қарзҳои тиҷории Спитамен Бонк, соҳибкор ҳаҷми тиҷораташрро ба таври назаррас васеъ намуда наздиконашро бо зиндагии шоиста таъмин намуд, аз он ҷумла: дар маркази таълимӣ 350 нафар хонанда таълим мегиранд, хонаашро таъмир кард ва мошини дар орзу мекардаашро харид.


Бозгашт