Таърихи камолот

Орзуҳо амалӣ мешаванд!


29.07.2020

История Успеха.jpg

Мавҷудияти тиҷорати шахсӣ новобаста аз ҳаҷми он, нишондиҳандаи нуфузи соҳибаш аст. Имконоти муттаҳидсозии тиҷорати даромаднок ва шуғли дӯстдошта бошад, дар маҷмӯъ қаноатмандии бештарро аз кор ва зиндагӣ таъмин менамояд.

Саноатов Хушвахт Ҳасанович, соҳиби мағозаи фурӯши молҳои омехта дар ноҳияи Данғара ҳамеша медонист, ки ба фатҳи қуллаҳои баландтар қобил аст ва орзуи видеомейкери касбӣ шуданро дошт.

2.jpg

Ҳамин тавр, соли 2016, Хасанов Хушвахт бори аввал ба Спитамен Бонк барои гирифтани қарз муроҷиат кард. Ӯ тасмим гирифт, ки навъҳои маҳсулотҳои мағозаашро аз ҳисоби асбобҳои мусиқӣ васеъ кунад ва камераи видеоии деринтизорро бихарад.

Баъд аз таҳлили пардохтпазирии мизоҷ, мутахассисони Спитамен Бонк дар муддати кӯтоҳтарин ба вай қарз пешниҳод намуданд.

Дере нагузашта, сокинони ноҳияи Данғара дар симои Хушвахт на танҳо соҳибкори дорои таҷрибаи бисёрсола, балки мутахассис- наворбардори хубро барои сабти тӯю маъракаҳо эътироф карданд.

1.jpg
«Соли сеюм аст, ки бо Спитамен Бонк ҳамкорӣ дорам. Бо дастгирии мутахассисони бонк ва гирифтани қарз бо фоизҳои пасттарин тавонистам ба мақсадҳои дар пеш гузоштаамро бирасам. Аз ҷумла тиҷоратамро васеъ намудам, шуғли дӯстдоштаамро ба касбам табдил додам, хонаамро таъмир кардам. Орзуҳо амалӣ мешаванд, муҳим ба худ бовар кардан ва талош варзидан аст" – Шарҳ дод Саноатов Хушвахт, мизоҷи Спитамен Бонк


Бозгашт