Расидан ба мақсадҳоямон дар доираи GlobalMoneyWeek

Мақсади асосӣ дар семинарҳоямон, ки дар доираи #GlobalMoneyWeek гузаронида истодаем - баланд бардоштани саводнокии молиявӣ аст.
Мо саъю кӯшиш карда истодаем, то ба ин ноил шавем. Дар доираи #GlobalMoneyWeek ҳамкорони мо аз филиалҳои шаҳрҳои Данғара, Истаравшан, Панҷакент, инчунин дар филиали Баракат ва МХБ Рӯдакӣ 30, Рӯдакӣ 185 оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявӣ як қатор семинарҳо гузарониданд.
Семенарҳоямон дар Донишгоҳи давлатии Данғара, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Истаравшан, дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент гузаронида шуданд. Спитамен Бонк тасмим гирифтааст, то охири моҳи ҷорӣ дар шаҳрҳои дигари Тоҷикистон барои баланд бардоштани саводнокии молиявӣ боз як қатор семинарҳо баргузор кунад.
Бо Спитамен Бонк донишатонро сайқал диҳед!