Саводнокии молиявӣ

Меҳмони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон будем

09.11.2021



4-уми ноябри соли 2021 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз дар ДТТ семинари таълимӣ дар мавзӯи саводнокии молиявӣ гузаронида шуд. Дар доираи он намояндагони Спитамен Бонк ба донишҷӯён оиди хизматрасониҳои бонкӣ, бонк ва кортҳои пластикӣ маълумот пешкаш намуданд.

IMG_1498.00_00_01_13.Still001.jpg

Дар оғози семинар муовини ректор оид ба технологияҳои инноватсионӣ ва таълимӣ Ғафоров Фируз сухани ифтитоҳӣ намуда, ба намояндагони бонк барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори сипос намуд.

IMG_1468.00_00_01_28.Still001.jpg

Ба иштирокчиёни фаъолтарин китоби муовини якуми Раиси Раёсати Спитамен Бонк Ҳикматов Умедҷон “Саводнокии молиявӣ” бо дастхати муаллиф ва маҳсулоти брендии бонк тақдим карда шуд.

IMG_1421.00_00_07_03.Still001.00_00_01_10.Still001.jpg

Ба мавзӯи кор дар Спитамен Бонк вақти алоҳида ҷудо шуда, ба саволҳои донишҷуён оиди ҷойҳои кории холӣ дар бонк ва тарзи пур кардани маълумотнома (резюме) маълумоти муфассал дода шуд.

DSC01877.00_00_01_49.Still001.jpg



Бозгашт