Саводнокии молиявӣ

Спитамен Бонк ва филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав созишномаи ҳамкорӣ бастанд

04.11.2021



Миёни Спитамен Бонк ва филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе созишномаи ҳамкорӣ баста шуд. Ҳуҷҷати номбурдаро муовини Раиси Раёсати Спитамен Бонк Шарипов Нурмуҳаммад ва Директори иҷроияи донишгоҳ Ғаниев Рустам имзо карданд. 

IMG_1093.00_00_02_12.Still001.jpg

Созишнома дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф, илм, таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимии касбӣ, ки ба қонеъ гардонидани талаботи Бонк ба омодасозии кадрҳо ва баланд бардоштани тахассуси кормандон нигаронида шудааст, баён мекунад.

IMG_1093.00_00_22_24.Still005.jpg

Яке аз ҷанбаҳои муҳими созишнома - ин имкони гузаштани таҷрибаомӯзии хатмкунандагони донишгоҳ дар нуқтаҳои хизматраснии Бонк ва инчунин имкони таъмини таҷрибаомӯзони пешқадам бо ҷойҳои кории холӣ мебошад.

IMG_1093.00_00_27_12.Still006.jpg

Дар фарҷом барои донишҷӯёни хатмкунанда семинар ташкил карда шуд, ки дар он намояндагони департаментҳои бонк оид ба маҳсулоти инноватсионӣ ва ҷойҳои кори холӣ дар Спитамен Бонк суханронӣ намуданд. Ба иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


IMG_1093.00_00_12_22.Still003.jpg
 «Имрӯз Спитамен Бонк на танҳо макони кору фаъолият ва омодакунии мутахассисони касбӣ аст, имкониятҳои бонк дар самти кадрӣ боз ҳам васеътаранд. Дастаи кормандони Спитамен Бонк аз мутахассисони баландихтисоси соҳа иборат аст, ки таҷрибаи бой дар бахши бонкӣ доранд." - қайд кард Лобар Мирзоева, намояндаи Департаменти кадрҳои Спитамен Бонк.

IMG_1093.00_00_07_14.Still002.jpg

Бозгашт