Дастрасӣ ба васоити таълимии “Саводнокии молиявӣ”

27.07.2021



Болобардории саводнокии молиявии аҳолӣ, алалхусус насли наврас ва ҷавонон аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. То ин вақт, дар баробари набудани адабиёти зарурӣ дар ин самт, инчунин дар мактаб ва донишгоҳҳо барои омӯзиши дониши камтарини молиявӣ шароити мусоид фароҳам оварда нашуда буд.

Бо ташаббуси муовини аввали Раиси Раёсати Спитамен Бонк, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич соли 2021 аввалин воситаи таълимӣ бо забони тоҷикӣ бо фарогирии мӯҳтавои зарурӣ барои идораи дурусти молияи шахсӣ, бо номи “Саводнокии молиявӣ” нашр шуд.

Бо талоши муаллиф ва дастгирии молиявии Спитамен Бонк маводи таълимӣ ба як қатор донишгоҳҳои пешқадами ҷумҳурӣ ройгон тақдим карда шуда, дар бораи аз моҳи сентябри соли хониши 2021-2022 дар ин донишгоҳҳо ҷорӣ кардани дарси мазкур шартномаи ҳамкорӣ баста шуд ва корҳо дар ин самт то ҳол идома доранд.

Чун мақсади асосии муаллиф ин мусоидат кардан дар болобардории саводнокии молиявии аҳолӣ аст, дар баробари дастрас будани навъи чопии китоб, нусхаи электронии васоити таълимӣ дар сомонаи Спитамен Бонк бо пайванди зерин (пахш кунед)ҷойгир карда мешавад ва хоҳишмандон метавонанд китобро озодона дастрас намоянд.


Бозгашт