Суғуртаи автомобил ва манфиатҳои он

24.09.2020

Постер.jpg

Дар ҳоли набудани маблағи лозима барои хариди автомобили дерорзу, гирифтани автоқарз- роҳи осон ва қулайи соҳиби мошини шахсӣ шудан аст. Ҳангоми пешниҳоди автоқарз, иловатан ба харидор тавсия дода мешавад, ки автомобили харидоришавандаро суғурта намояд. Бархе аз мизоҷон ба он андешаанд, ки ин хизматрасонӣ танҳо ба манфиати бонк равона гаштааст. Биёёд, бубинем, ки ин фикр то чӣ андоза дуруст аст.

Дар асл, чунин тавсия дар ғамхорӣ нисбати мизоҷон ва манфиати онҳо вобастагӣ дорад. Мо кӯтоҳ дар бораи тарафҳои мусбии хариди барномаи суғуртавӣ ва оқибатҳои манфӣ дар сурати набудани он, хоҳем гуфт.

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки бонкҳо хизматрасонии суғуртаи амволро пешниҳод наменамоянд, яъне суғуртаро ташкилотҳои дигар пешкаш мекунанд ва маблағи суғурта ба суратҳисоби суғуртакунанда гузаронида мешавад.

Барои бонк мавҷудияти барномаи суғуртавӣ танҳо кафолати пардохти қарз аст. Барои мизоҷ бошад, ин имконияти пешгирии оқибатҳои эҳтимолӣ дар мавриди рух додани ҳолатҳои ғайричамшдошт, аз қабили: амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм, офатҳои табии, бархӯрд бо ҳайвонот, сӯхтор ва садама мебошад. Ба оқибатҳои манфии эҳтимолӣ мансуб донистан мумкин аст: батаъхирафтодани қарз, бадшавии таърихи қарзӣ дар БҚИТ ва ё дар ҳолати бадтарин ба фурӯш гузошта шудани гарав.

Барои мисол, мизоҷ бо маблағи қарз автомобил мехарад, вале суғурта намекунад, дар ҳолати садама, соҳибмулк илова ба пардохти моҳонаи қарзи бонк, ҳамчунин бояд ба усто пули таъмири мошинро пардохт кунад, ки ин метавонад ба бюҷаи оилавӣ таъсири манфӣ расонад. Дар мавриди суғурта , тамоми хароҷотҳо, аз эвакуатсия то пардохти дигар хароҷотҳои алоҳида бар дӯши ташкилоти суғуртавӣ меафтад, ки ин барои мизоҷ бешубҳа манфиатовар аст.

Омори қарзӣ нишон медиҳад, ки дар давоми фаъолият зиёда аз 100 ҳолати хариди суғуртаи автомобилӣ, ки бо қарз аз Спитамен Бонк харида шудаанд, ба қайд гирифта шудааст ва ҳаҷми умумии ҷуброни зиён аз ҳисоби ширкати суғуртавӣ беш аз 100 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси гуфтаҳои дар боло зикргардида, Спитамен Бонк, дар бораи некӯаҳволии мизоҷон ғамхорӣ намуда, суғуртаи автомобилиро тавсия медиҳад ва агар дар яке аз ширкатҳои пешқадами суғуртавии кишвар – Spitamen Inshurance суғурта карда шавад, ҳамчун мизоҷи Спитамен Бонк ба ӯ хизматрасонии мазкур бо шарту шароити беҳтарин пешниҳод мегардад.

Инчунин, ёдовар мешавем, ки танҳо то охири соли равон Спитамен Бонк фоизҳои қарзиро паст намудааст: 14% бо доллари ИМА, 20 - 22% бо пули миллӣ сомонӣ.


Бозгашт