Global Money Week-2020: Данғара

14.04.2020

11.jpg

Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, хусусан кӯдакон ва ҷавонон, қадами муҳим дар таҳкими ояндаи устувори кишвари мо мебошад. Чӣ зудтар насли ҷавон ба азхудкунии асосҳои саводнокии молиявӣ шурӯъ кунанд, ҳамон қадар онҳо ба ҷаҳони ояндаи молия эътимоди бештар пайдо мекунанд.

Бо назардошти таваҷҷӯҳ ба баргузории чунин чорабиниҳои таълимӣ аз ҷониби ҳам худи иштирокчиён ва ҳам муассисаҳои таълимӣ, Спитамен Бонк дар доираи ҷашни Ҳафтаи ҷаҳонии пул (Global Money Week) тадбирҳоро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба масъалаҳои иқтисод идома медиҳад.

 111.jpg

Тадбирҳои омӯзишии навбатӣ барои кӯдакон ва ҷавонон, ки ба баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ нигаронида шудаанд, аз ҷониби кормандони филиали Данғара-и Спитамен Бонк дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC), ва бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон, барои хонандагони гимназияи президентӣ ва донишҷӯёни ДДД гузаронида шуд.

1111.jpg


Бозгашт