Global Money Week - 2020 дар шаҳри Панҷакент

13.04.2020

20200403_095712.jpg

Пул чист? Бонк кадом функсияҳоро иҷро менамояд? Корти пардохтӣ барои чӣ лозим аст?  Чаро мо бояд ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузарем? Ин ва дигар асосҳои иқтисодиётро хонандагони литсейи шаҳри Панҷакент аз мутахассисони Спитамен Бонк омӯхтанд. Мактаббачагон семинарро бо диққат гӯш карда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мукаммал гирифтанд ва дар бозиҳои интерактивӣ ширкат варзида, аз дарси омӯхтаашон қаноатманд шуданд. 

20200403_102602.jpg
*Семинари мазкур дар доираи таҷлили ҳафтаи ҷаҳонии пул (Global Money Week), бо мақсади  баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, аз ҷониби Спитамен Бонк дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва дастгирии бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола гузаронида мешавад.

20200403_102908.jpg

Бозгашт