Пардохти андоз бо реҷаи онлайн


13.08.2019

налоги.jpg

Бо мақсади татбиқи чораҳо ҷиҳати зиёд кардани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ дар кишвар, ки дар як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, Спитамен Бонк дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оғози пардохти онлайни андозҳо барои шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тавассути кортҳои бонкии низоми пардохти “Корти Миллӣ” маълумот медиҳад.

Аз 9 августи соли 2019 оғоз намуда, дар сомонаи расмии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - http://pay.andoz.tj/ шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд бидуни ташриф ба мақомоти андоз ва бе нигоҳ доштани ҳаққи хизматрасонӣ андоз супоранд.

Спитамен Бонк ба буҷети кишвар бо иҷро кардани тартиби муқарраршуда, супоришномаҳои пардохтҳои ҳар як андозсупорандаро интиқол медиҳад.

Барои ин танҳо бо пур кардани саволномаи кӯтоҳ дар саҳифа, сабти ном кунед. Сипас, навъи пардохти боҷи давлатиро, ки бояд пардохт шавад, интихоб намуда, ариза барои пардохтро пур намоед.


Бозгашт