Амалиёти санадӣ - Ба ташкилотҳои молиявӣ - Спитамен Бонк

Амалиёти санадӣ

“Спитамен Бонк” хизматрсонии таъминоти иҷрои ӯҳдадориҳоро, дар тиҷорати байналмиллалӣ ва дохилӣ, пешниҳод менамояд. Ин намуди хизматрасонӣ на танҳо барои рушди равобити байналхалқии тиҷорату ташкилотҳои молиявӣ мусоидат менамояд, балки имкони муҳофизати созишҳои тиҷоратиро аз хавфҳои эҳтимолӣ медиҳад.

Мақсади амалиётҳои санадӣ дар амалисозии ҳисоббаробаркуниҳо байни харидорону фурӯшандагон буда, одатан, дар тиҷорати байналмиллалӣ истифода мешаванд.

Кушодани аккредитивҳо
Ташкилоти молиявӣ, бо фармоиши мизоҷ, ӯҳдадор мешавад, ки ба шахси сеюм, баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муайян, мувофиқи шартҳои аккредитив, пардохт ба ҷо орад.

Додани кафолатҳои бонкӣ
Бонк кафолатҳои хаттӣ медиҳад, ки дар асоси онҳо ӯҳдадор мешавад, ба бонки дигар ё шахси муайян, пардохт ба ҷо орад, агар шахси сеюм ӯҳдадориҳояшро мувофиқи шартнома, қарз ё дигар ҳуҷҷатҳо иҷро накунад.

Инкассои санадӣ
Ҳисоббаробаркуниҳо байни ду ташкилоти молиявӣ амалӣ мешаванд: воситаҳои пулиро, мувофиқи ҳуҷҷатҳои пешбинишуда ва пешниҳодшуда, на таъминкунанда, балки бонки ӯ қабул мекунад. 
Муҳиммияти амалиётҳои санадӣ дар он аст, ки онҳо иҷроиши ӯҳдадориҳоро аз ҷониби тарафҳо таъмин карда, хавфҳои молиявиро кам мекунанд. 

“Спитамен Бонк” ҳамаи шахсони ҳавасмандро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.


Робитаи муросилотӣ
Амалиёти санадӣ
Қарзҳои байнибонкӣ