Юнистрим: интиқоли пулиро бо доллари ИМА ва евро муваққатан қатъ мекунад - Спитамен Бонк

Юнистрим: интиқоли пулиро бо доллари ИМА ва евро муваққатан қатъ мекунад

07.09.2023


photo_5458779815923535312_y.jpg

Мизоҷони мӯҳтарам, 
 
Мехоҳем ба шумо дар бораи баъзе тағйиротҳо вобаста ба таҳримҳои муқарраршуда нисбати низоми интиқоли маблағҳо маълумот диҳем. Аз 30 сентябр ҳама гуна амалиётҳои интиқолӣ бо доллар ва евро тавассути низоми Юнистрим муваққатан қатъ карда мешаванд. Аммо хушхабар ин аст, ки интиқол бо рубли русӣ чун пештара бидуни маҳдудият сурат мегирад. 
 
Ин хабар метавонад боиси нигаронӣ ва саволҳои пайваст ба интиқоли маблағ шавад. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки дар ин вазъият ба шумо тамоми маълумот ва кӯмаки заруриро пешниҳод кунем. 
 
Пеш аз ҳама, мехоҳем таъкид намоем, ки мизоҷоне, ки бо доллар ё евро интиқоли маблағро анҷом доданӣ ҳастанд, имкон доранд, ки ин амалиётро то 30 сентябр ба итммон расонанд. Барои интиқоли маблағ бо асъорҳои номбаршуда то 30 сентябр тавсия медиҳем, ки ба наздиктарин филиали Спитамен Бонк барои гирифтани маълумот ва кӯмаки иловагӣ ба мутахассисони мо муроҷиат намоед.
 
Мо аҳамияти интиқоли маблағҳои зуд ва бехатарро барои мизоҷони худ дарк мекунем ва тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то ҳар гуна нороҳатии аз ин тағйирот ба вуҷуд омадаро кам кунем ва барои дарёфти роҳҳои алтернативӣ ва барқарор кардани амалиёти пурраи интиқоли асъорӣ кор карда истодаем. Умедворем, ки вазъи таҳримҳо ба зудӣ ҳал мешавад ва мо метавонем ба шумо як қатор хизматрасониҳоро боз пешкаш кунем. 
 
Агар шумо ягон савол ё ба кӯмак ниёз дошта бошед, лутфан бо мо дар тамос шавед. Мо ҳамеша омодаем, ки ба шумо дастгирии босифат пешниҳод кунем ва ҳама мушкилотатонро ҳал кунем. 
 
Ташаккур барои фаҳмиш ва садоқати, инчунин интихоби Спитамен Бонк щамчун шарики молиявии худ. Мо ҳамеша эътимоди шуморо қадр мекунем ва барои таъмини бароҳатӣ ва қаноатмандии шумо тамоми кори аз дастамон меомадаро мекунем.

Бо эҳтиром, дастаи Спитамен Бонк!


Бозгашт