Ҷустуҷӯ ва хариди чиптаҳо дар Spitamen Pay

Хизматрасонии беназир аз Спитамен Бонк барои бозори Тоҷикистон дар версияи охирини Spitamen Pay дастрас гардид. Бо ғамхорӣ ва роҳати мизоҷон Бонк дар замима хизматрасонии навро ҷорӣ кард. Акнун истифодабарандагони барнома метавонанд ба самти дилхоҳ гӯшаи ҷаҳон аз хона набаромада, дар муддати якчанд дақиқа чипта харидорӣ намоянд.
Барои хариди чипта дар барнома шуморо лозим аст тугмачаи Fly-ро зер намуда шартҳои ҷустуҷӯи чиптаро ворид кунед, баъдан чиптаи лозимаро интихоб намуда тасдиқ кунед. Дар равзанаи кушодашуда майдонҳоро бо маълумоти тамос пур кунед ва “шартҳои тарофаҳои ширкати ҳавопаймо"-ро қайд намуда тугмаи «забронировать и перейти к оплате»-ро пахш кунед. Қадами навбатӣ ин тафтиш кардани маълумоти пуршуда ва зеркашӣ кардани расиди сафар аст.
Барои тафтиши маълумоти воридгардида ва тасдиқи дархости фармоиш 25 дақиқа вақт пешниҳод мешавад. Дар ҳолати ба ягон хатогӣ роҳ додан, фармоишро бекор кардан мумкин ва агар маълумот дуруст қайд шуда бошад, пас метавон ба “пардохти фармоиш” гузашт. Барнома ба таври худкор қабулкунанда ва маблағи пардохтро ворид мекунад, танҳо кортеро, ки тавассуташ пардохт анҷом меёбад, бояд интихоб кард.
«Дар шароити ҷаҳонишавӣ тамоми бахшҳои фаъолияти иқтисодӣ ба таври назаррас тағйир ёфтанд ва бахши бонкӣ низ истисно нест. Аз ин рӯ, бо афзоиши талаботи истеъмолӣ ва меъёрҳое, ки барои мизоҷон муҳиманд, бонк пайваста қарорҳои нави технологиро зери назорат мегирад, ки татбиқи саривақтии онҳо ба беҳтар шудани сатҳи хизматрасонӣ мусоидат мекунад ва ин барои мо яке аз ҳадафҳои асосӣ мебошад”, қайд намуд Дилшод Исхаков, сардори Департаменти кортҳои бонкӣ дар ҶСП “Спитамен Бонк”.
Бонк бо дарназардошти ҳадафҳои гузошташуда стратегияи IT-ро ба талабот ва шароити замони муосир мутобиқ намуда, сатҳи рақамисозии Spitamen Pay-ро пайваста баланд мебардорад. Пардохт бо Spitamen Pay аллакай ҳамчун меъёри пардохти зуд, қулай ва бехатар ба ҳисоб меравад: Имрӯз тавассути Spitamen Pay метавонед ҳаққи хизматрасонии самтҳои гуногунро пардохт кунед, ҳамчунин версияи нави барома QR-рамзи “Фаврӣ”- и Коммерсбонки Тоҷикистонро қабул мекунад. Дар баробари ин ба харидор лозим нест, ки маълумоти корти бонкиро ворид кунад ва СМС тасдиқи онро интизор шавад. Ҳамзамон, амнияти пурраи харид таъмин карда мешавад, зеро маълумоти корт дар дохили Спитамен Бонк боқӣ монда, ба дигар иштирокчиёни ҳисоббаробаркуниҳо дода намешавад.
Маълумоти муфассалро метавонед дар наздиктарин филиал/МХБ-и Спитамен Бонк ё тавассути телефони (+992) 44 640-65-65. дастрас намоед. Мутахассисони Бонк ба ҳама саволҳо посух дода маслиҳатҳои касбӣ пешниҳод мекунанд.