Спитамен Бонк ва VISA Direct имкониятҳои муосири бонкдории рақамиро фароҳам меоранд

Спитамен Бонк ҳамчун бонки инноватсионӣ ва муосир хизматрасонии худро пайваста такмил дода, раванди муомилотро қулай ва бехатар мекунад.
Бонк лоиҳаи хизматрасонии Visa Direct-ро васеъ намуд ва ҳоло мизоҷони мо метавонанд аз тамоми кишварҳои ҷаҳон интиқоли фаврӣ ба кортҳои Visa гиранд (ба истиснои онҳое, ки худи низоми пардохт манъ кардааст).
Visa Direct технологияест, ки дар шабакаи VisaNet асос ёфтааст ва ба мизоҷон имкон медиҳад, ки маблағро дар вақти воқеӣ мустақиман ба суратҳисобҳои молиявӣ бо истифода аз маълумоти корт интиқол диҳанд. Хизматрасонӣ дар зиёда аз 200 кишвар ва самтҳои саросари ҷаҳон дастрас мебошад.
Интиқоли пул бо Visa Direct бехатар аст: ин аз ҷониби низоми бехатарии Visa таъмин карда мешавад. Амалиёт бо ёрии низоми бехатарии 3D secure анҷом дода мешавад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки комиссия барои қабули маблағ, новобаста аз маблағи интиқолшуда ба 0% баробар аст. Хизматрасонии мазкур тақрибан дар ҳама веб сервисҳои бонкҳои ирсолкунанда, интернет бонкинг, бонкинги мобилӣ ва замимаҳои бонкӣ дастрас мебошад.