Спитамен Бонк Рӯзи Артиши миллиро Ҷашн мегирад.
Бойгонии соли ҷорӣ
23.02.2023

23 феврали соли 2023 аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол сипарӣ гашт. Расо 30 сол муқаддам, баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ин сохтори муҳими давлатӣ ташкил ёфт.
Пеш аз ҳама, дар ин рӯз онҳоеро, ки муҳофизати тартибот, сулҳу амониро вазифаи худ интихоб кардаанд, табрик ва муборакбод мегӯем.
Ҳамзамон, ҷашн гирифтани 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи муҳофизони Ватан ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Рӯзи муҳофизони Ватан ҷашни воқеан умумимиллӣ буда, таҷассумгари мардонагӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Ин рӯз барои тамоми мардон ид аст, зеро мақоми асосии онҳо ҳифзи сарзамини худ мебошад.
Ба мардони Спитамен Бонк низ дар ин рӯз назари хос расонида шуд: барномаи ҷолиб, табрикоти самимӣ, табассум ва таваҷҷуҳи бонувон ҳамкоронро бетараф нагузоштанд.

Спитамен Бонк ба ҳамаи ҳомиёни Ватан саломатӣ, муҳаббат, амалӣ шудани орзуҳо ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳо устувориро таманно дорад! Муваффақият дар тамоми умратон ҳамроҳ бошад!