Спитамен Бонк рӯйхати шарикон - ширкатҳои сохтмониро васеъ мекунад - Спитамен Бонк

Спитамен Бонк рӯйхати шарикон - ширкатҳои сохтмониро васеъ мекунад

19.01.2023



Имрӯз "Ипотека" дар байни аҳолӣ бештар маъмул шуда истодааст, зеро барои аксари оилаҳо ин ягона имкони беҳтар кардани шароити зист ё харидани хонаи нав боқӣ мемонад.

Бо афзоиши шумораи қарзҳои тасдиқшудаи ипотекӣ, шумораи бақайдгирии амволи ғайриманқул, ки тавассути ин қарзҳо гирифта шудаанд, низ меафзояд.

Имрӯз Спитамен Бонк боз як шарики худ – ширкати сохтмонии ҶДММ "Усто Набот"-ро муаррифӣ мекунад.
Дар асоси созишномаи байни Спитамен Бонк ва Усто Набот барои харидории манзил дар шаҳри Ҳисор, дар биноҳои нави замонавии ин ширкат қарзи ипотекӣ бо шароити мусоид, 12%-и солона ба маблағи то 300 000 доллар ба муҳлати то 120 моҳ пешниҳод мешавад.

Маълумоти муфассалро мизоҷон метавонанд аз саҳифаҳои сомонаи расмии бонк, дар наздиктарин филиали Спитамен Бонк ё бо телефони (+992) 44 640-65-65 дастрас намоянд. Мутахассисони Бонк ба ҳама гуна саволҳо ҷавоб дода, оид ба ипотека маслиҳатҳои касбӣ пешниҳод менамоянд ва ҳисобу китоби пешакии қарзро анҷом медиҳанд.

Бозгашт