Спитамен Бонк: намунаи дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ҷаҳони дизайн - Спитамен Бонк

Спитамен Бонк: намунаи дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ҷаҳони дизайн

22.09.2023

msg850588033-102777.jpg

Ин дафъа, Спитамен Бонк чорабинии "Ozmun"-ро сарпарастӣ кард, ки ҳадафи он дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи дизайни графикӣ, видео ва тасвирҳо буд.

Лоиҳаи "Ozmun" ба рушд ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон равона шудааст. Чорабинӣ аз интихоби асарҳо, воркшопу семинарҳо аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи дизайн, видеосозӣ ва иллюстратсия иборат буд. Иштирокчиёни лоиҳа имконият доштанд, ки мубодилаи таҷриба кунанд, ғояҳои навро барои лоиҳаҳои худ пайдо кунанд ва дар ин соҳа муносибатҳои муфид созанд.

msg850588033-102779.jpg

Қайд кардан зарур аст, ки коргарони шуъбаи маркетинги Спитамен Бонк низ дар озмун иштирок карданд ва дизайнер Қодиров Ҷамолиддин соҳиби ҷоиза гардид. Муваффақияти ӯ уҳдадории моро дар рушди санъат ва истеъдод дар дохили корхона таъкид мекунад. Спитамен Бонк ифтихор мекунад чунин кормандони қобил дорад, ки кори худро на танҳо дар бонк, балки дар ҷаҳони дизайн низ нишон медиҳад. Ин нишон аз он аст, ки Спитамен Бонк кормандони худро дар фаъолияти касбӣ ва эҷодиёташон дастгирӣ мекунад ва илҳом мебахшад то натиҷаҳои баландро ба даст оранд.

msg850588033-102778.jpg

Иштироки Спитамен Бонк дар ин лоиҳа хоҳиши дастгирии ҷавонони боистеъдод ва саҳмгузорӣ дар рушди касбии онҳо нишон медиҳад. Ғайр аз он, бонк чунин лоиҳаҳоро ҳамчун роҳи ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба маҳсулот ва хизматрасониҳои худ мешуморад, ки ҷанбаи муҳим барои рушди бонк мебошад.

msg850588033-102775.jpg

Умуман, ҳамкориҳои Спитамен Бонк бо ҷомеаҳои эҷодӣ қадами муҳим дар самти рушд ва шукуфоии ҳам Бонк ва ҳам дар маҷмӯъ соҳаи эҷодӣ мебошад.

Бозгашт