Спитамен Бонк сарпарасти кулли форуми занон шуд. - Спитамен Бонк

Спитамен Бонк сарпарасти кулли форуми занон шуд.

18.03.2023



Спитамен Бонк чанде пеш сарпарасти кулли форуми занон буд, ки бо мақсади дастгирии рақамикунонии тиҷорат ва пешбурди бренди шахсӣ ташкил карда шуд. Анҷуман намояндагони бисёре аз соҳибкор - занонро дар як минбар гирд оварда, мавзӯъҳои муҳимро баррасӣ кард.
photo1679048294.jpeg

Бонк на танҳо чун шарики молиявӣ, балки ҳамчун иштирокчии фаъоли чорабинӣ баромад кард. Намояндагони бонк оид ба банақшагирии молиявӣ ва идоракунии сармоягузорӣ якчанд маслиҳатҳо доданд. Илова бар ин иштирокчиёни форум имкон доштанд ба коршиносони бонк оид ба масъалаҳои банақшагирии молиявӣ, инчунин маҳсулоти бонк саволҳо дода, маслиҳат гиранд.

photo1679048290.jpeg

Иштирокдорон мавриди суханронӣ дар форум дар бораи то чӣ андоза муҳим будани тавони пешбурди худ ва бренди шахсии худро доштан гуфта гузаштанд ва барои пешбурди бренди худ чанд маслиҳат доданд ва принсипҳои асосиеро, ки дар ин тиҷорат муваффақ мешаванд, тавсиф карданд.

«Иштирок дар форуми занон барои бонки мо имкон дод, ки равиши прогрессивии худро дар соҳаи бонкдорӣ ва тамаркуз ба технологияҳои нав нишон диҳад. Дар доираи форум, бонк навтарин маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявии худро муаррифӣ кард, ки метавонанд ба занони соҳибкор дар идоракунии самараноки молияи худ кӯмак расонанд. Таҷрибаи дар ин чорабинӣ андӯхташуда ба бонк имкон медиҳад, ки маҳсулот ва хизматрасонии худро мувофиқи ниёзҳои соҳибкорони муосир таҳия кунад”, - қайд кард мутахассис оид ба робита бо ҷомеа Нодиршоҳ Одинаев.

Ҳамин тариқ, иштироки Спитамен Бонк дар чорабинӣ қадами муҳим дар самти дастгирии соҳибкории занон ва мусоидат ба соҳибкорон дар рушди малакаҳои шахсӣ ва умуман тиҷорати онҳо буд.

Созмондиҳандагони форум ҳамчунин муҳим будани дастгирии бонкҳо ва дигар ширкатҳои бузургро, ки метавонанд ба рушди соҳибкории занон мусоидат кунанд, қайд карданд. Аз ин рӯ, Спитамен Бонк пайваста ҳамчун сарпарасти чунин чорабиниҳо баромад мекунад.


Бозгашт