Шумо интизор будед ва ниҳоят мошини аввал соҳиби худро ёфт - Спитамен Бонк

Шумо интизор будед ва ниҳоят мошини аввал соҳиби худро ёфт

07.09.2023



photo_5463387955054891939_y.jpg
   
Спитамен Бонк марҳилаҳои дуюм ва сеюми иқдоми «Хона бурд намо - 2»-ро анҷом дод, ки дар он ҷоизаи асосӣ мошини нави KIA K5 гардид.
    
Чорабинӣ, ки рӯзи 2 сентябр баргузор шуд, барои кормандони мо ва сокинони шаҳри Хуҷанд ҷолиб ва хотирмон гардид.
   
Маҳз барои анҷоми бомуваффақияти ин чорабинӣ маъракаи бошукуҳ дар назди театри ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ташкил карда шуд, ки дар он беш аз 35 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд.
   
Меҳмонон тавонистанд аз ҳунарнамоии ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик – Нигина Амонқулова ва Рустам Азимӣ баҳравар гарданд, инчунин кортҳои ройгони Visa Gold аз Спитамен Бонкро  гирифта дар бозиҳои бурднок ширкат варзанд.

photo_5463387955054891941_y.jpg
  
Яке аз воқеаҳои диққатҷалбкунанда бозии туҳфаҳои қимматбаҳо, аз ҷумла техникаи маишӣ буд. Мо бо камоли хушнудӣ номи ғолибонро эълон мекунем: Мавсума Қарабоева аз Душанбе, Матлуба Худоёрова аз ноҳияи Қубодиён, Аҳрор Бобохонов аз Ваҳдат, Зариф Шодиев аз ноҳияи Ёвон, Шарифгул Мирзоева аз Душанбе, Акмал Миразимов аз Истаравшан, Рӯзимурод Ашӯров аз ноҳияи Қубодиён, Буриева Азиза аз ноҳияи Қубодиён, Ашурмо Раҳимова аз ноҳияи Ёвон ва Муродали Раҷабов аз ноҳияи Восеъ.  Мо ҳамаи ғолибонро табрик карда, ба онҳо шодии бепоёнро аз туҳфаҳои нави худ таманно дорем!
  
photo_5463387955054891943_y.jpg


  Анҷоми чорабинии тантанавӣ бо қуръакашии яке аз бурдҳои асосӣ – мошини сабукрав қайд карда шуд. Бо ҳаяҷони зиёд мо соҳиби хушбахти мошин - Дилшод Тоҳировна Холова аз Панҷакенти вилояти Суғдро пешкаши шумо мегардонем. Дилшод Тоҳировнаро самимона табрик гуфта, ба ӯ дар мошини наваш саёҳатҳои бехатару шавқоварро таманно дорем.


photo_5463387955054891963_y.jpg

Ба ҳамаи иштирокчиёни аксия, шарикон ва сокинони шаҳр барои иштирок ва дастгирии фаъолонаашон изҳори сипос мекунем. Чунин чорабиниҳо бе дастгирии шумо ғайриимкон аст.

Ёдовар мешавем, ки барои иштирок дар аксия танҳо дар нуқтаҳои хизматрасонии Спитамен Бонк 20 000 рубл ва 500 доллару евро интиқоли пул гирифтан лозим аст. Муфассал (https://www.spitamenbank.tj/tj/news/117703/)

photo_5463387955054891945_y.jpg

Дар пеш шумо бурди боз 3 автомобил  ва ҷоизаи асосии манзили 2-ҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе аз ширкати сохтмонии Себистон-2018 мебошад, имкони дарёфти яке аз тӯҳфаҳоро аз даст надиҳед.

Ташаккур ба ҳама барои таваҷҷуҳ ва бо мо бимонед, то аз хабарҳо ва иқдомҳои Спитамен Бонк пайгирӣ кунед!


Бозгашт