Онлайн-дархостҳои қулай
Бойгонии соли ҷорӣ
27.02.2023

Талабот ба қарз дар Спитамен Бонк торафт меафзояд, аз ин рӯ, Бонк кӯшиш мекунад, барои ба доираи васеи мизоҷон дастрас будани маҳсулотҳои қарзӣ ҳама корро анҷом диҳад. Имрӯз Спитамен Бонк доираи васеи пешниҳодҳои қарзиро пешкаш менамояд, ки ба ҳар як мизоҷ имкони интихоби беҳтарин вариантро ҳам аз рӯи шарту шароити қарз ва ҳам аз рӯи меъёри фоиз фароҳам меорад.
Бо мақсади содда кардани дархост барои гирифтани қарз моҳи июли соли гузашта Спитамен Бонк вебсомонаи қулай ва функсионалии яксаҳифаро ба истифода дод, ки тавассути он мизоҷон метавонанд бо пахши як-ду тугмача, мувофиқи шаклҳои зикргардида, дилхоҳ маҳсулоти қарзиро интихоб карда, дархостҳои худро онлайн пешниҳод намоянд.
«Бонк дарк мекунад, ки ҳаёти инсони муосир бо технологияҳо алоқамандии зич дорад ва пайваста хизматрасониҳои гуногунро ҷорӣ менамояд, ки амалиётҳои бонкиро содда намуда, онҳоро то ҳадди имкон ба муҳити фосилавии рақамӣ интиқол диҳад. Яке аз ин хизматрасониҳо сомонаест, ки дар он мизоҷон бо пахши якчанд тугмача метавонанд барои гирифтани қарз дархост гузоранд ва ин ҳамагӣ 5 дақиқа вақтро мегирад. Як қатор маҳсулот имкон медиҳад, ки қарз хеле зуд тасдиқ шавад», - мегӯяд Заррина Ҷӯраева, сардори бахши кор бо мизоҷон дар ҶСП "Спитамен Бонк".
Барои гузоштани онлайн дархости қарз, мизоҷон метавонанд аз хона набаромада, аз смартфон ё компютер ба сомона ворид шуда, маблағи дилхоҳ, муҳлат ва мақсади қарзро интихоб кунанд.
Маълумоти муфассалро метавонед тавассути телефони: (+992) 44 640-65-65 ё дар сомонаи расмӣ бо пахши истиноди https://www.spitamenbank.tj/credit/ дастрас намоед.