Мукофотонидани кормандон барои саҳми арзанда дар рушди Бонк - Спитамен Бонк

Мукофотонидани кормандон барои саҳми арзанда дар рушди Бонк

15.02.2023



Барои кормандони Спитамен Бонк оғози моҳи феврал гуворою муҳим буд. Дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Бонк барои саҳми арзанда дар рушди Спитамен Бонк ва натиҷаҳои назаррас дар соли 2022 ҷоизаҳо ва сипосномаҳо супорида шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби Сарвиноз Абдуманобзода, Муовини Директори Департаменти хазинадорӣ ва амалиётӣ баргузор гардид.

Аз чумла, диплому сипосномаҳо супурда шуданд ба:
Назирова Дилноза Рустамовна, Шерова Ширин Курбоналиева.

«Арзиштарин дороии бонк, албатта, кормандон мебошанд. Имруз ду нафари онҳо бо диплому сипоснома мукофотонида шуданд. Мо воқеан хушбахтем бо кормандоне, ки арзишҳои корпоративиро қадр карда вазифаҳои гузошташударо саривақт иҷро мекунанд”, - шарҳ дод Сарвиноз Абдуманобзода, муовини Директори Департаменти хазинадорӣ ва амалиётӣ.


Бозгашт