Ипотекаи дастрас бо пешпардохти минималӣ - Спитамен Бонк

Ипотекаи дастрас бо пешпардохти минималӣ

15.03.2023



Вақтҳои охир шумораи бештари одамон бо мушкилии имконнопазири ҷамъ кардани маблағи кофӣ барои пешпардохти ипотека дар бонк дучор мешаванд. Шояд ин ҳам аз кам будани даромад ва ҳам набудани вақт барои ҷамъоварии маблағи зарурӣ бошад. Дар робита ба ин, Спитамен Бонк ба мизоҷон барномаи кам кардани маблағи пешпардохтро барои хариди амволи ғайриманқул дар бозорҳои аввалия ва дуюмдараҷа пешниҳод мекунад.

Аз 6 марти соли 2023 пардохти ибтидоии ипотека дар Спитамен Бонк ҳамагӣ 10% арзиши амволро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки мизоҷони бонк харидории манзил ва амалӣ шудани орзуҳои худро осон кунанд. Ҳадди ниҳоии қарз дар доираи барномаи соддакардашуда 50 000 доллари Амрикоро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки пешниҳоди мазкур танҳо дар доираи ипотекаи муқаррарӣ фаъол буда ба қарзҳои ипотекӣ, ки дар доираи лоиҳаи шарикӣ пешниҳод мешавад, дахл надорад.

«Спитамен Бонк бо камоли хушнудӣ дар бораи коҳиши пешпардохти қарзҳои ипотекӣ хабар медиҳад. Мо ҳар як мизоҷи худро қадр мекунем ва мекӯшем, ки ин намуди қарз дастрас ва қулай бошад. Барномаи нави мо ба мизоҷон имкон медиҳад, ки маблағи назаррасро аз ҳисоби пешпардохт сарфа кунанд ва бо шартҳои мусоид қарз гиранд. Дар соли 2023 Спитамен Бонк ба нақша гирифтааст, ки корҳоро дар самти беҳтар намудани хизматрасонӣ ва оптимизатсияи равандҳои дарёфт ва дастгирии минбаъдаи қарзи ипотекӣ барои ҳар як мизоҷ идома диҳад», - гуфт Далерҷон Оймаҳмадов, сардори шуъбаи қарзҳои калон дар ҶСП “Спитамен Бонк”.

Умуман, интихоби ин пешниҳоди қарзӣ бояд ба имкониятҳои молиявии инфиродӣ ва ниёзҳои мизоҷ асос ёбад.

Пеш аз қабули қарор, зарур аст, ки ҳама пешниҳодҳоро бодиққат омӯзед ва барои машварат бо мутахассисон ба рақамҳои 6565 муроҷиат кунед. Коршиносони таҷрибадори бонк оид ба қарзи ипотекӣ маслиҳатҳои касбӣ дода ҳисоби пешакии қарзро бароятон анҷом медиҳанд.


Бозгашт