Чӣ тавр аз қаллобӣ муҳофизат кардан мумкин аст?

Қоидаҳои муҳимро риоя кардан зарур аст:
Ба ҳеҷ кас, ҳатто ба кормандони бонк реквизитҳои корти бонкӣ, рамзҳои махфӣ, ПИН-рамзҳо, рамзи CVV / CVC (3 рақами махфие,ки дар пушти корт сабт шудааст), инчунин рамзҳое, ки дар паёмҳои СМС ё дар равзанаи паёмҳо ба телефонатон меоянд, push-up - паёмҳоро (ин метавонад рамзи бехатарӣ, рамзи тасдиқ, рамзҳои дастрасӣ, аз ҷумла рамзҳои якдафъаина, хизматрасонии «Безопасные платежи в Интернете» ё худ 3D-Secure бошад) набояд расонед.
Эҳтиёт бошед! Қаллобон бо истифода аз ҳиллаҳои техникӣ, ҳама гуна услубҳои равонӣ (алалхусус қаллобии телефонӣ) кӯшиш мекунанд шуморо ба интиқоли маблағ ба онҳо водор созанд. Онҳо метавонанд огоҳинома ирсол кунанд ва занг зананд, аз ҷумла бо иваз кардани рақами телефонӣ, худро корманди бонк, инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ вонамуд мекунанд.
Бо кортҳо ва ҳисобҳои худ мувофиқи дастури шахсоне, ки ба шумо занг задаанд, новобаста аз он, ки онҳо кӣ ҳастанд, кадом далелҳоро истифода мебаранд ва дар телефон кадом рақам нишон дода мешавад, амал накунед. Ҳамеша ба рақамҳои телефони расмии бонк (6565) занг занед, то маълумотро дар бораи кортҳо ва суратҳисобҳои худ қабул ва тафтиш кунед.
Намунаҳои он, ки қаллобон барои гирифтани маблағҳои шумо мегӯянд:
· ба номи шумо дархости қарз пешниҳод карда шудааст, барои бекор карданаш шумо бояд ба замима ворид шуда, дархости нави қарзӣ гузоред ва қарзро бо роҳи интиқоли маблағ ба суратҳисоби махсуси бехатар махкам кунед;
· дархост барои иваз кардани рақами телефон гузошта шудааст, барои бекор карданаш рамзро ворид кардан лозим аст;
· ҳолатҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони бонк тафтиш карда мешавад, маблағҳои шумо дар хатаранд, шумо бояд онҳоро ба суратҳисоби махсуси бехатар интиқол диҳед;
· шумо дар сомона ё шабакаҳои иҷтимоӣ эълон гузоштаед, қаллобон занг зада, бовар мекунонанд, ки маҳсулотатонро харидорӣ кардан мехоҳанд, аммо барои ин шумо бояд тафсилоти корти худро ба онҳо гӯед, то онҳо пешпардохт кунанд.
Бо истифода аз шабакаҳои умумии Wi-Fi ба барнома ворид нашавед. Ягона истисно метавонад шабакаи хонагии шумо бошад, ки дорои рамзи мураккаб барои ворид шудан дорад.
Шабакаи интернетӣ муҳити бехатар нест. Муҳофизати таҷҳизоти шумо (аз ҷумла компютер, планшет, дастгоҳи мобилӣ) аз рамзи зараровар ва дастрасии беиҷозат аз ҷониби шахсони сеюм зарур аст.
Мунтазам рамзи дохил шудан ба замимаро иваз кунед, дастгоҳи мобилӣ, планшет, компютер ва дигар дастгоҳҳои худро беназорат нагузоред
Дар танзимоти дастгоҳи мобилии/планшети худ намоиши матни СМС паёмҳоро дар экрани дастгоҳ ғайрифаъол кунед, то имкони аз нав танзимкунии беиҷозати рамзро истисно кунед (коди фиристодаи бонкро қаллобон дида метавонанд).
Агар ба шумо СМС паём, огоҳинома ё мактуб, ки дорои истиноди ворид ба барнома омада бошаду шумо боварӣ надоред, ки онро бонк ирсол намудааст, лутфан ҳамон истинодро накушоед - онро нест кунед.
Чӣ бехатар аст – пардохти нақдӣ ё ғайринақдӣ?
Ҳарду усул афзалиятҳо ва камбудиҳои худро доранд, аммо дар маҷмӯъ, пардохти ғайринақдӣ варианти нисбатан бехатар ҳисобида мешавад.
Якум, маълумот доир ба амалиёт барои муддати хеле дароз нигоҳ дошта мешавад ва дастрас аст. Ҳангоми пардохт бо пули нақд, шумо метавонед иштироки худро дар муомилот бо истифода аз расид тасдиқ кунед, аммо расидҳо пас аз муддате тира мешаванд, метавонанд гум шаванд ё осеб бинанд. Бо сабаби нигоҳдории маълумоти амалиётҳо, эҳтимолияти аз нав дида баромадани пардохти нодуруст иҷрошуда ҳангоми пардохтҳои ғайринақдӣ нисбат ба амалиётҳои нақдӣ зиёдтар аст.
Дуюм ин, ки ҳангоми гум шудани маблағҳои нақдӣ имконияти барқарорашон вуҷуд надорад. Дар сурати осеб дидани пулҳои коғазӣ барқарорсозии онҳо дар сурате имконпазир аст, ки агар зарар танҳо дар доираи муқаррарнамудаи шартҳои Бонк бошад.
Сеюм, хароҷоти кортро тавассути риояи чораҳои зерини бехатарӣ назорат кардан осонтар аст.
· Маълумотро оид ба амалиёт бо истифода аз корти бонкӣ дастрас ва таҳлил кунед, тағйироти тавозуни дастарси кортҳо ва суратҳособҳоро назорат кунед, иқтибоси корт ва суратҳисобро барои сари вақт бастани кортҳо ё аз даст надодани муҳлатҳои муроҷиати эҳтимолӣ ба бонк барои амалиётҳои баҳсӣ қабул ва таҳлил кунед.
· Матни огоҳиномаҳоеро, ки аз бонк бо рамзҳои тасдиқӣ гирифта шудааст, бодиққат омӯзед, чунки вай маълумотро дар бораи амалиёти иҷрошаванда ва маблағи он дар бар мегиранд.То боварӣ ҳосил накунед, ки он ба амалиёти иҷро менамудагии шумо мувофиқат мекунад, рамзи тасдиқро ворид накунед. Бо истифода аз сомонаҳо ва замимаҳои қалбакӣ, инчунин ҳангоми суҳбати телефонӣ бо шумо қаллобон метавонанд бо роҳи фиреб аз шумо тасдиқи дигар амалиёт ва хизматрасониро ба даст оранд.
· Кортҳои бонкиро дар ҳамён ё “кардхолдер” нигоҳ доред - ин муҳофизати иловагӣ аз дуздии маблағҳо хоҳад буд
· Рақами пурраи корт, муҳлати анҷоми он, инчунин рамзи махфии CVV/CVC (се рақаме,ки дар пушти корт сабт шудааст) ворид накунед ё ба касе ифшо накунед. Маълумотро барои тафтиш ва қабули бурди лотерея ё "пардохтҳои ҳисобшуда” ворид накунед, инчунин онро ба шахси сеюм хабар надиҳед, чунки сомонаҳои қаллобӣ мавҷуданд, ки бо дуздии маълумоти корт машғуланд. Барои гузаронидани маблағ ба кортатон аз шахсони сеюм рақами кортро ба онҳо расонед, кифоя.
· Ҳангоми ворид кардани ПИН-рамз, ҳамеша клавиатураро бо дасти худ пӯшонед, маълумоти Пин-рамзро дар назди корт нигоҳ надоред ва онро дар худи корт нанависед. Агар дар хотир доштани ПИН-рамз бароятон душвор бошад, дар банкомат онро иваз кунед, то ин ки фаромӯш накунед.
· Рамзҳоеро, ки тавассути СМС, push up-паёмҳо ё ба почтаи электронӣ меоянд, ба ҳеҷ кас, ҳатто ба кормандони бонк ҳам нагӯед.
· Корти музди меҳнатро барои пардохтҳои онлайн истифода набаред - беҳтар аст, ки барои ин корти алоҳида кушоед.
· Калимаи рамзии мураккаб (барои дарёфт душвор)-ро насб кунед ва дар хотир нигоҳ доред, то қаллобон онро ёфта натавонанд. Он ба шумо ҳангоми муроҷиати телефонӣ ба бонк лозим мешавад.
· Хизматрасониҳои бонкиро доир ба идоракунии бехатарӣ, ки тавассути замимаи бонк ва дигар воситаҳо дастрас аст, омӯзед ва истифода баред.