Бо рисолати қавӣ барои дастгирии занон ва рушди онҳо
Бойгонии соли ҷорӣ
22.09.2023

Намояндагони мӯътабари ҷинси латиф рӯзи 16 сентябр дар меҳмонхонаи Hyatt Regency дар чорабинии занонаи "Эҳё" ҷамъ омаданд, ки он таассуроти фаромӯшнашаванда дошт. Чорабинии мазкур бо дастгирии Спитамен Бонк баргузор шуд, ки худро ҳамчун сарпарасти пешсаф дар самти дастгирии занони соҳибкор муаррифӣ мекунад.

"Ҳамкории мо бо ин чорабинии хотирмон инъикоси шавқи бонк барои дастгирии занон дар рушди касбӣ ва шахсияти онҳо мебошад. Ҳамчунин маҳсулоти махсуси қарзии худро барои занони соҳибкор бо хушнудӣ муаррифӣ кардем. Спитамен Бонк саҳми занонро барои рушди иқтисод ва шукуфоии ҷомеа дарк карда, барои заноне, ки мехоҳанд нақшаву ғояҳои соҳибкории худро амалӣ созанд, шароитҳои имтиёзнок пешниҳод менамояд. Қарзи соҳибкорзан татбиқи лоиҳаҳоро осонтар намуда, гирифтани маблағро осон ва шартҳои қулайи баргардониданро пешниҳод менамояд», - қайд кард Хосиятхон Тухтаназарова, сардори Идораи маркетинг ва рушди тиҷорати Спитамен Бонк.

Бонк занонеро, ки орзу доранд фаъолияти соҳибкории худро оғоз кунанд, ба таври қатъӣ ташвиқ мекунад, ки аз ин маҳсулоти қарзӣ истифода баранд ва тиҷорати худро ба қуллаҳои нав расонанд. Зеро вақте занон аз ҷониби бонк дастгирӣ мешаванд ва имконоти молӣ пайдо мекунанд, онҳо метавонанд орзуҳои худро амалӣ созанд.
Спитамен Бонк кӯшиш менамояд, ки занонро барои беҳтар кардани зиндагӣ ва ноил шудан ба муваффақиятҳои дурахшон дастгирӣ кунад.