4 амале, ки дар соли 2023 барои хубтар кардани вазъияти молиявиамон кӯмак мекунад.

Соли навро ҳамчун нуқтаи ибтидоӣ истифода бурдан анъанаи хуб мебошад. Ҳатто агар на ҳама нақшаҳо иҷро шаванд ҳам, ба сӯи муваффакият қадамхои хурд гузошта мешаванд. Дар оғози соли нав одамон орзу мекунанд ва нақшаҳо мегузоранд, аммо барои устувор кардани вазъияти молиявӣ бояд на танҳо орзу кард, балки дар назди худ ҳадафҳои дуруст бояд гузошт. Чӣ гуна зиндагии худро бо кӯмаки одатҳои молиявӣ беҳтар кардан мумкин ва барои ин чӣ кор бояд кард, дар зер муфассал менависем.
1. Ба нақша гирифтани буҷа
То ҳол намедонед, ки пулҳоятон ба куҷо сарф мешаванд? Вақти он расидааст, ки ниҳоят онҳоро ҳисоб кунед. Аввалан ба хароҷоти худ назар кунед ва хуб мешавад, ки онҳоро то хадди имкон муфассал нависед. Баъзеҳо дар Excel ҷадвал месозанд ё ба таври пешина дар рӯи коғаз хароҷоташонро ҳисоб мекунанд. Вале бояд гуфт, ки ин амалҳо вақти зиёд талаб мекунанд. Роҳи қулайтари ин амал – ворид кардани хароҷот дар барномаҳои махсус барои пайгирии хароҷот ва даромад мебошад.
Вақте, ки ба ҳароҷотҳои худ назар мекунед, эҳтимолан нобаробарӣ хоҳед ёфт: ба яке аз гуруҳҳо маблағи ғайричашмдошт сарф мешавад. Фикр кунед, ки чаро ин рӯй медиҳад? Ин харочотро чй тавр кам кардан мумкин аст? Оё роҳи дигари ройгон ё арзонтар вуҷуд дорад?
Масалан, маълум мешавад, ки барои вақтхушӣ пули зиёд сарф мекунед. Дар ин ҷо як қатор имконоти ивазкунандаи ройгон мавҷуданд.
• 50 сомонӣ – арзиши чипта барои тамошои филм дар кинотеатр;
• Баъзан дар кинотеатрҳо филм бепул ё бо тахфифи 50% ба намоиш гузошта мешавад. Эълонҳоро пайгирӣ кунед ва аз намоишҳо бохабар бошед. Агар миқёси монитор муҳим набошад, аз мағоза харидани попкорн ва тамошои филм дар хона боз ҳам арзонтар хоҳад буд.
Вақте ки воқеан хароҷотҳоро дар яке аз гуруҳҳо кам кардан хоҳед, зуд пайдо кардани имконоти арзонтар ё ройгонро меомӯзед. Ин одати хеле муфид аст.
2. Барои ба нафақа баромадан омода бошед
"Сарфа барои нафақа" то ҳадди имкон дилгиркунанда садо медиҳад. Бо вуҷуди ин, вақт зуд мегузарад ва ҷаҳони мо ноустувор аст.
Ҳар қадар зудтар оғоз кунем, ҳамон қадар осонтар ва тезтар мешавад. Масалан, агар Шумо барои нафақа аз 30-солагӣ маблағ ҷамъ кунед, пас ҳар моҳ бо сармоягузорӣ кардани 500 сомонӣ ба воситаҳои каму беш устувор, вале фоидаовар, то синни 55-солагӣ тақрибан 500 ҳазор сомонӣ сарфа карда метавонед.
Соли нав як фурсати хубест, ки сари як пиёла чой худро дар пирӣ тасаввур кунед, ҳисоб кунед, ки барои зиндагии устувор чӣ қадар пул лозим аст ва бифаҳмед, ки агар шумо худи ҳозир оғоз кунед, чӣ гуна онро сарфа мекунед. Ва оғоз кунед!
3. Тартиб додани нақшаи зиддибуҳронӣ
Пандемия ба мо дарси хуб дод: ҳаёти тамоми сайёра метавонад ногаҳон беҳтар ё бадтар шавад. Баландшавии нархҳо, бекорӣ, вайрон шудани занҷирҳои таъминот - оё касе инро се сол пеш тасаввур карда метавонист?
Дар оянда шояд бо воқеаҳои чунон нохуш ва буҳронҳо рӯ ба рӯ мешавем, аз ин рӯ, дар сурати пайдо шудани мушкилоти ғайричашмдошт нақшае лозим аст.
1. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо пасандоз доред - беҳтараш барои аз се то шаш моҳи зиндагии бароҳат. Агар не, бояд онҳоро фавран ҷамъ кунед. Барои ин, боби якуми ҳамин мақола кӯмак хоҳад кард.
2. Касби навро омӯзед. Иқтисодиёт на танҳо аз сабаби пандемия, балки аз ҳисоби рақамӣ гаштан низ бозсозӣ мешавад. Ин раванди тӯлонӣ мебошад, вале окибаташ аллакай намоён аст: масалан, дар бисер мағозаҳои дунё хазиначиро аллакай терминали худхизматрасон иваз кардааст. Мошинҳои худгард метавонанд ба зудӣ моро бе ронандагони таксӣ гузоранд. То чӣ андоза касби интихоб кардаатон талабот дорад ва салоҳиятҳои шумо дар он то чӣ андоза қадр карда шуданашро андеша кунед. Агар ба хулосае биёед, ки кори шуморо роботҳо иваз карда метавонанд, пас барои устувор мондан дар оянда лозим меояд, ки дониши иловагӣ гиред ё донишатонро такмил диҳед.
3. Манбаъҳои даромади худро гуногунранг кунед. Бо як маош аз ҷои кори асосӣ зиндагӣ накарда, чанд роҳи дигари пулкоркуниро пайдо кунед. На ҳама метавонанд хона иҷора диҳанд ё аз ҳисоби саҳмияҳо даромад гиранд, аммо ҳама метавонанд аз ҳисоби машғулияти дӯстдоштаашон пул кор кунанд. Масалан, агар мактаби мусиқиро хатм карда бошед, метавонед дарсҳои фортепиано диҳед, забон донед – ба дигарон омӯзонед ё техникаи маишӣ таъмир кунед. Инчунин метавонед малакаҳои касбии худро дар дигар ҷойҳо, ғайр аз ҷои корӣ истифода баред.
4 . “Буҷаи орзуҳо” тартиб диҳед.
Ин машғулиятро дар ИМА амалӣ мекунанд. Хулоса ин аст: ҳисоб кунед, ки барои комилан хушбахт шудан чӣ қадар пул лозим аст. Ин нақша барои расидан ба буҷаи ба шумо лозима дар ҳаёти воқеӣ кӯмак мекунад. Вақте ки шахс ба куҷо рафтанашро медонад ва нақшаи аниқ дорад, майнаи сар гӯё бозсозӣ мешавад ва барои ҷустуҷӯи имкониятҳо ёрӣ мерасонад. Ҳаёт дар маҷмӯъ гуворо ва фаҳмо аст, агар ҳар қадамро бошуурона гузорӣ. Ин ба ҷустуҷӯи мағозаи хӯрокворӣ дар минтақаи нав монанд аст: шумо метавонед ба ҳисси худ такя кунед ва ба таври тасодуфӣ равед ё шумо метавонед ба харита нигоҳ карда, ба таври қатъӣ ба ҳадаф ҳаракат кунед. Дар ҳолати аввал, имкони пайдо кардани мағоза вуҷуд дорад, аммо ин эҳтимол дарозтар ва душвортар хоҳад буд - ва он каме барор талаб мекунад. Дар ҳолати дуюм, ҳама чиз хеле осонтар мешавад.
Барои тартиб додани "буҷаи орзуҳо" фикр кунед, ки дар ҳаёт ба Шумо чӣ намерасад? Кадом хароҷотро Шумо ҳамеша ба оянда мегузоред, гарчанде ки пинҳонӣ дар бораи онҳо орзу мекунед? Онҳоро дар дафтар нависед, ба онҳо хароҷоти ҳаррӯзаро илова кунед ва ҳисоб кунед, ки ба иловаи даромади муқаррарии худ чӣ қадар пул лозим аст. Шояд ин ба шумо илҳом бахшад, ки ба кори иловагӣ машғул шавед ё ҷои корро иваз кунед. Ё шояд шумо хароҷоти нолозимро пайдо кунед ва буҷаро аз нав тақсим кунед.