Иқдоми муштараки ҶСП «Спитамен Бонк» ва ҶС БТК «ЮНИСТРИМ» - Спитамен Бонк

Иқдоми муштараки ҶСП «Спитамен Бонк» ва ҶС БТК «ЮНИСТРИМ»

07.12.2022



Дар арафаи соли нав ҶСП «Спитамен Бонк» ва низоми байналмилалии интиқоли маблағҳо «Юнистрим» иқдоми муштаракро оғоз намуда паст шудани тарофаҳоро то охири моҳи январи соли 2023 эълон мекунанд. Агар қаблан комиссия барои интиқол 0,95% буд, ҳоло дар доираи иқдом комиссия ҳамагӣ 0,5% -ро ташкил медиҳад.

Ҳама мизоҷоне, ки ба Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия маблағ интиқол медиҳанд, метавонанд иштирокчии иқдом гарданд. Қобили зикр аст, ки комиссияи 0,5% танҳо барои интиқоли моно-валютӣ аз Тоҷикистон ба давлатҳои дар боло зикргардида амал мекунад. Моно-интиқоли маблағҳо бо як асъор бидуни мубодила анҷом меёбад. Масалан, доллар-доллар ё евро-евро.

ҶСП «Спитамен Бонк» соли 2016 шарики расмии ЮНИСТРИМ гардид ва дар тӯли ҳамкории пурсамар ба мизоҷон хизматрасонии қулай ва зудро бо нархҳои дастрастарин пешкаш менамояд.

Бозгашт