Бозтамвили қарз - Спитамен Бонк

Бозтамвили қарз

12.12.2022



Чӣ тавр қарзро бозтамвил кардан мумкин аст?

Бозтамвилин гирифтани қарзи нав барои пардохти қарзи мавҷуда мебошад. Дар кадом ҳолатҳо бозтамвил кардан муфид аст, дар поён менависем.
Қарзҳо кай бозтамвил мешаванд?

Сабабҳои асосии бозтамвил:

Кам кардани фоизи солона. Тасаввур кунед, ки шумо бо 31 фоизи солона қарз гирифтед ва пас аз чанде бонкҳо фоизҳоро паст карданд. Барои баргардонидани қарз бо шартҳои мусоид метавонед ба бозтамвил кардан дархост гузоред.

Дароз кардани муҳлати қарз. Фарз мекунем, ки шумо ба муҳтали 18 моҳ қарз гирифтед. Ҳар моҳ 1500 сомонӣ медиҳед ва ин пештар ба шумо мувофиқ буд, аммо ҳоло додани чунин маблағ мушкил шудааст. Дар ин ҳолат низ метавонед қарзро аз нав маблағгузорӣ кунед, то муҳлатро дароз карда, пардохти моҳонаро кам кунед.

Як кардани чанд қарз. Фарз кунед, ки аз бонкҳои гуногун қарз гирифтед: аз яке барои мошин, дигаре - таҳсил ва аз бонки сеюм – барои хариди техникаи маишӣ. Шуморо лозим меояд, ҷадвалро ба назар гирифта, моҳе се маротиба барои пардохти ҳар як қарз маблағ ҷудо кунед. Ин албатта нороҳатиҳоро ба миён меорад. Ҳамаи ин қарзҳоро метавонед ба ҳам муттаҳид карда моҳе як маротиба пардохт намоед. Дар баробари ин, маблағи умумии пардохти моҳонаро кам карда шароитро қулайтар созед - мисол, зиёд кардани муҳлат.

Гирифтани маблағи иловагӣ. Шумо метавонед пулро на танҳо барои аз нав маблағгузории қарз, балки барои истифодаи мақсадҳои шахсӣ дархост кунед. Масалан, дар маҷмӯъ 10 000 сомонӣ қарз доред. Қарзи навро ба маблаги 15 000 сомонӣ гирифта, қарзҳои куҳнаро пардохт намоеду 5 ҳазор сомонии боқимондаро барои ошхонаи нав ё таъмир сарф кунед.

Интихоби дигар бонк. Масалан шумо аз як бонк қарз гирифтед, аммо хизматрасонии бонки дигар бароятон писанд аст . Бо ёрии бозтамвил метавонед қарзро ба бонки дигар интиқол диҳед.

Дар кадом ҳолатҳо бонк метавонад аз бозтамвил даст кашад? Қарори бозтамвил барои ҳар як мизоҷ алоҳида қабул карда мешавад. Аксар вақт аз сабаби даромади нокифоя ва таърихи бади қарзӣ, дархост раъд карда мешавад.

Чӣ тавр қарзро аз нав маблағгузорӣ кардан мумкин аст?

Чор марҳилаи бозтамвили қарз вуҷуд дорад.

Талаботҳои қарзро муайян кунед.
Бо талаботҳо дар шартномаи қарзӣ ё дар замимаи бонк шинос шудан мумкин аст. Меъёр, маблағи пардохти моҳона ва муҳлати шартномаро барои худ қайд намуда метавонед бо пешниҳодҳои бонкҳои дигар муқоиса кунед.
Ҷадвали пардохт одатан маблағи пардохти моҳонаро инъикос мекунад. Вай инчунин нишон медиҳад, ки кадом қисми пардохт барои баргардонидани қарзи асосӣ ва кадом қисми он барои пардохти фоизҳо меравад. Чӣ қадар пардохт кардан лозим буданашро ҳам метавонед ҳисоб кунед. Барои ин ду роҳ вуҷуд дорад:
  • Аз маблағи умумии изофапардохт, маблағи пардохткардаатонро тарҳ кунед.
  • Ҳама пардохтҳои қарзи асосиро ҷамъ кунед.
Муқоисаи пардохтҳои зиёдатӣ дар ҳолате бамаврид аст, ки агар қарзро бо шартҳои барои қарзҳои ҷорӣ мавҷуд буда бозтамвил кунед – яъне, агар мӯҳлат ва маблағи он тағйир наёбад.
Ҳамаи ин барои он зарур аст, ки дар қадамҳои минбаъда мизоҷ тавонад шароити кунунии қарзро, ки бонкҳои дигар пешниҳод мекунанд, муқоиса кунад. Ҳамин тавр, мизоҷ метавонад фаҳмад, ки аз нав маблағгузории қарз фоиданок аст ё не.

Пешниҳодҳои мувофиқи бонкро пайдо кунед.

Хизматрасонии бозтамвил ҳоло қариб мисли худи қарзҳо маъмул аст. Ҳар як бонк шартҳои гуногуни бозтамвилро пешниҳод мекунад. Варианти кулай ва муфидро барои худ интихоб кунед.

Чӣ гуна тағйир ёфтани пардохтҳои моҳонаро ҳисоб кунед.

Одатан дар сомонаи бонк ҳисобкунаки карзӣ  мавҷуд аст, ки бо ёрии он шумо метавонед шартҳои нави қарзро ҳисоб кунед ва бифаҳмед, ки пардохти моҳона ва маблағи изофапулӣ чӣ гуна тағйир меёбад.

Ба бонк мурочиат кунед.

  Дар ин марҳила бастаи ҳуҷҷатҳо лозим аст:
  • Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Яке аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаи даромад: маълумотнома дар бораи маош, патент ё шаҳодатномаи бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ.

Маълумоти муфассалро метавонед дар филиал/МХБ-и наздиктарини Спитамен Бонк, ё тавассути телефони (+992)-44 640 65 65 дастрас кунед. Мутахассисони бонк ба ҳамаи саволҳоятон посух дода, машварати касбӣ оид ба бозтамвили маблағи қарзӣ пешниҳод мекунанд ва ҳисобу китоби пешакии қарзро анҷом медиҳанд.


Бозгашт