Бонк ва Ширкати сохтмонӣ – тандем ба фоидаи харидор - Спитамен Бонк

Бонк ва Ширкати сохтмонӣ – тандем ба фоидаи харидор

15.12.2022



Солҳои охир харидани хонаи шахсии худ бо ипотека яке аз роҳҳои маъмултарини ҳалли мушкилоти манзил гардид. Спитамен Бонк дар бозори молиявии Тоҷикистон аввалин шуда ба сокинони кишвар маҳсулоти қарзи “Ипотеки”- ро пешкаш намуд ва пайваста шароити ин маҳсулотро беҳтар мекунад.

Моҳи ноябри соли 2022 ҶСП «Спитамен Бонк» шумораи шарикон – ширкатҳои сохтмониро карда, созишномаи навбатии ҳамкориро бо ширкати PULODI PLAZA ба имзо расонд.

Дар асоси ин созишнома, Спитамен Бонк ва «PULODI PLAZA» барои харидории манзил дар пойтахти Тоҷикистон шароити махсус, бо 12%-и солона, то 120 моҳ дар биноҳои нави замонавии ин ширкат қарз пешниҳод мекунанд. Маблағи калонтарини қарзи ипотекӣ 150 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад

Ба туфайли хамкории мо умедворам, ки дар мухлати мукарраршуда маҷмӯи нави истиқоматӣ ба истифода дода, бо хамин фонди манзилии пойтахтамон зиёд мешавад. Ҳазорон оилаҳо сазоворанд, ки дар шароити хубу бароҳат умр ба сар баранд. Чунин созишномаҳо, албатта, вектори дуруст дар самти фароҳам овардани зиндагии беҳтари тоҷикистониён дар ватани худ мебошанд, қайд намуд Шодихон Саидов, сардори Департаменти қарзии ҶСП «Спитамен Бонк». 

Бо ҳамаи шартҳо, инчунин бо рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои гирифтани қарз дар саҳифаи расмии сомонаи бонк шинос шудан мумкин аст.

Қайд кардан бамаврид аст,ки Спитамен Бонк аз бозори дуюмдараҷаи манзил низ маҳсулоти ипотекӣ пешниҳод мекунад. Меъёри фоизии қарзи ипотекӣ аз Спитамен Бонк яке аз дастрастарин дар бозори қарзии Тоҷикистон мебошад. Бо рӯйхати пурраи шарикон дар сомонаи расмии бонк шинос шудан мумкин аст.

Маълумоти муфассалро Шумо метавонед дар филиал/МХБ-и наздиктарини Спитамен Бонк, ё тавассути телефони (+992)-44 640 65 65 дастрас кунед. Мутахассисони бонк ба ҳамаи саволҳоятон посух дода, машварати касбӣ оид ба қарзи итопека пешниҳод мекунанд ва ҳисобу китоби пешакии қарзро анҷом медиҳанд.


Бозгашт