6 соли ҳамкории босамар

Шаш сол қабл, 4 июли соли 2017 маросими имзои шартномаи ҳамкорӣ миёни ҶСП «Спитамен Бонк» ва UnionPay International баргузор гардид.
Ҳамкорӣ бо яке аз ширкатҳои бузургтарини низоми пардохти байналмилалӣ ба он вобаста буд, ки UnionPay International ба бозор бо натиҷаҳои баланд вобаста бо гардиши пардохт ва масъалаҳои корт ворид мешавад.
Низоми пардохти UnionPay, ки 20 сол қабл пайдо шуда буд, аллакай бузургтарин дар ҷаҳон шуд ва аз Visa ва MasterCard пеш гузашт. Имрӯз шаҳрвандони 181 кишвари ҷаҳон ба он эътимод доранд ва бонкҳои 77 кишвари ҷаҳон аллакай барои мизоҷони худ кортҳои UnionPay мебароранд. Дорандагони кортро имкони истифодаи он на танҳо барои гирифтани пули нақд, пардохти молу хизматрасониҳо, балки дастрасӣ ба маҳсулоти инноватсионии бонкӣ ҷалб мекунад.
“Имрӯз шарики стратегии мо – UnionPay International 10-солагии худро таҷлил мекунад ва мо ӯро табрик гуфта, рушди устувор ва ояндаи дурахшонро баҳраш таманно дорем. Барои фаъолияти пурсамари муштарак изҳори сипос мекунем ва ба ҳамкории дарозмуддату судманд умедворем. Аввалин кортҳои UnionPay дар Тоҷикистон 6 сол пеш ба истофода дода шуда буданд ва Спитамен Бонк яке аз аввалинҳо шуд, ки дар он ин низоми пардохт дастрас шуд. Барориши UnionPay Classic ва Gold дар бонк ройгон аст. Онҳо аз ҷониби калонтарин бонкҳо қабул ва хизматрасонӣ карда мешаванд. Махсусан ин кортҳо барои дӯстдорони сайру саёҳат ба кишварҳои Чин, Сингапур, Малайзия, Филиппин, Таиланд, Ҳонконг, Корея, Австралия, Зеландияи Нав ва ғайра , беҳамто аст”, қайд намуд Раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Бонк” – Навруз Самандарзода.
Корти кобрендии «Корти Миллӣ/UnionPay » - корти пардохтиест, ки таҳти ду нишон амал мекунад ва бартариҳои ду низоми пардохтиро муттаҳид мекунад. Дар ҳудуди Тоҷикистон корт ҳамчун “Корти Миллӣ” фаъолият мекунад, берун аз кишвар онро ҳамчун корти байналмиллалии “UnionPay” истифода бурдан мумкин аст.
Муддати 6 сол аст, ки Спитамен Бонк ва UnionPay International ҳамкории мутақобилан судманд ва рушди муштаракро пайгирӣ мекунанд.
Бо такя ба таҷрибаҳои чаҳониву технологӣ инфрасохтори молиявиро тавассути ҷорӣ намудани меъёрҳои пешрафтаи пардохт ва тавсеаи шабакаи қабули кортҳои UnionPay дар Тоҷикистон инкишоф медиҳанд.