Спитамен Бонк ва СПБ VISA ҳамкориҳои дуҷонибаро тақвият медиҳанд

20.09.2021



7 сентябри соли 2021 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии кории намояндагони Спитамен Бонк ва НПБ VISA International баргузор шуд.

Дар рафти вохӯрӣ муовини якуми Раиси Раёсат Умедҷон Ҳикматов ва Ноиби президент менеҷери минтақавии VISA дар Осиёи Марказӣ Кристина Дорош созишнома оид ба таҳкими шарикии стратегӣ дар рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
1.jpg
Дар доираи созишнома, ҷонибҳо ният доранд, хизматрасониҳои технологии молиявӣ, маҳсулотҳои кортӣ ва онлайн- хизматрасониҳоро рушд дода, инчунин пешбурди бренди VISA-ро дар Тоҷикистон тавассути Спитамен Бонк тақвият бахшанд.
2.jpg
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2020 Спитамен Бонк мақоми иштирокчии асосии НПБ VISA International -ро гирифт ва ин мақом шаҳодатгари эътимоди зиёд ба бонк аст ва танҳо ба муассисаҳои босуръат рушдёфтёбанда, ки фаъолияти устувор, эътибори хуби корӣ ва таҷрибаи назаррас доранд, дода мешавад

Бозгашт