Мо узви асосии Mastercard шудем

07.07.2021



Спитамен Бонк ҳамчун яке аз бонкҳои пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самти пардохтҳои ғайринақдиро дар кишвар бомуваффақият татбиқ менамояд, узви асосии MasterCard гардид.

Акнун шарикон дар якҷоягӣ технологияҳои инноватсионии пардохтҳои ғайринақдиро ҷорӣ намуда, барои паҳн кардани кортҳои Mastercard дар қаламрави ҷумҳурӣ маъракаҳои таблиғотӣ мегузаронанд.

Мақоми узви асосӣ ба Спитамен Бонк имконият фароҳам меорад на танҳо бо Низоми байналмилалии пардохтии MasterCard ҳисоббаробаркуниҳои мустақим анҷом диҳад, балки, ҳамчунин ташкилотҳои қарзии ватаниро ҳамчун ассотсиат (шарик) қабул намуда, бо сиёсати мустақилонаи нархгузории дастрастар ба онҳо хизмат расонад. 

“Гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ талаби замон буда, яке аз вазифаҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими Спитамен Бонк аст. Ва боиси хурсандист, ки маҳз мо миёни бонкҳои ватанӣ якумин шуда узви асосии MasterCard гардидем. Нақша дорем, бо пешниҳоди хизматрасониҳои баландсифату беҳамтои самти кортҳои пардохтӣ, ба рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар такони ҷиддӣ диҳем- қайд кард Ҳикматов Умедҷон, Муовини якуми Раиси Раёсати ҶСП "Спитамен Бонк ".

Айни замон Бонк марҳилаи ҳамгироии техникӣ, сертификатсиякунонӣ ва мувофиқакунонии барномаҳоро гузашта истодааст. Баъди гузаштани ин марҳила, Бонк нақша дорад, пеш аз ҳама хизматрасонии кортҳоро дар нуқтаҳои хизматрасонии худ ба роҳ монад ва сипас кортҳои низоми MasterCard- и худро барорад.

Илова бар ин, дар ояндаи наздик ташаббусҳои муштараки маркетингӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи манфиатҳои пардохтҳои ғайринақдӣ ба нақша гирифта шудаанд.

*MasterCard - ширкати технологии умумиҷаҳонӣ, ки шабакаи босуръаттарини коркарди пардохтҳоро идора намуда, истеъмолкунандагон, ташкилотҳои молиявӣ, ташкилотҳои савдо, сохторҳои ҳукуматӣ ва соҳибкорони зиёда аз 210 кишвари дунёро бо ҳам мепайвандад. Маҳсулот ва хизматрасониҳои Mastercard масъалаҳои рӯзмарраро ба монанди харид, саёҳат, тиҷорат ва идоракунии молияи шахсиро осонтар ва бехатартар мекунанд.


Бозгашт