Донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ акнун фанни «Саводнокии молиявӣ» меомӯзанд - Спитамен Бонк

Донишҷӯёни Донишгоҳи технологӣ акнун фанни «Саводнокии молиявӣ» меомӯзанд

18.10.2021



Дар доираи созишнома, ки 14 октябри соли 2021 миёни Спитамен Бонк ва Донишгоҳи технологӣ ба имзо расид, фанни «Саводнокии молиявӣ» дар асоси китоби ҳамноми доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини аввали Раиси Раёсати Спитамен Бонк Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич ба барномаи таълимии донишгоҳ ворид карда шуд.
Саводнокии молиявӣ дар ҷаҳони муосир ва босуръат руштёбанда ба як унсури муҳими низоми малака ва қоидаҳои рафтор табдил ёфтааст. Саводнокии молиявӣ ба шахс имкон медиҳад, ки аз шароити беруна ва одамони дигар вобаста набошад. Инсони бомаърифат роҳҳои ҷолибтарини пешравиро интихоб намуда, ҳамеша барои рушди минбаъдаи худ заминаи моддӣ фароҳам меорад. Мо боварии комил дорем, ки китоби мазкур барои такмили саводнокии молиявии насли ҷавон заминаи хуб хоҳад шуд.

Бозгашт