Ба Спитамен Бонк гузаред, корти VISA-ро ройгон гиред!

16.04.2021



Муддати дароз аст, мехоҳед корти бонкиатонро ба корти Низоми Пардохтҳои Байналмилалии VISA иваз кунед, вале намедонед дар куҷо ва чӣ тавр? Ё Шумо аллакай корт доред, аммо мӯҳлати амали он ба итмом расидааст? Ва ё шояд Шумо аз пардохти ҳаққи хизматрасонӣ барои истифодаи корт дилгир шудаед? Ҳалли масъала вуҷуд дорад!

  Спитамен Бонк ба шарафи гирифтани мақоми узви асосии Низоми Пардохтҳои Байналмилалии VISA International, иқдом эълон менамояд. Дар доираи иқдом, бо дархости дорандагони кортҳо, бонк метавонад кортҳоеро, ки аз ҷониби ташкилотҳои молиявии дохилӣ ва хориҷӣ дода шудааст, ба кортҳои VISA classic, ки аз ҷониби Спитамен Бонк бароварда мешаванд, иваз намояд.

Дар бораи бартариятҳои корт: корти бетамос аст (pay Wave - қобилияти пардохтҳои фаврӣ то 10 доллар бидуни зарурияти ворид кардани пин-код), хизматрасонии бидуни ҳаққи хизмат ва хизматрасонии ройгони SMS-паёмак. Ғайр аз он, корт дорои технологияи 3D Secure мебошад, ки бехатарии пардохти молҳо ва хизматрасониҳоро бо ин корт дар шабакаи Интернетӣ кафолат медиҳад. Ва муҳимтар аз ҳама, муддати истифодабарии корт 5 сол мебошад!

  Барои гирифтани корти нав ба мизоҷ лозим аст, ки бо шиноснома ва корте, ки мехоҳад онро иваз намояд, ба филиали наздиктарини Спитамен Бонк муроҷиат кунад. Иваз кардани корт комилан ройгон аст.
Ин иқдом то 31 декабри соли 2021 амалӣ мегардад.

  Бояд гуфт, ки иқдом ба кортҳои беном, нафақавӣ, иҷтимоӣ, инчунин ба кортҳое, ки дар доираи лоиҳаҳои музди маош пешниҳод гардидиаанд, дахл надорад.

  Хотиррасон мекунем, ки Спитамен Бонк дар охири нимаи аввали соли гузашта мақоми иштирокчии асосии НПБ VISA International-ро ба даст овард.

  Ин мақом ба муассисаҳои дорои эътибори хуби корӣ, босуръат инкишофёбанда, боэътимод ва дорандаи таҷрибаи назарраси тиҷоратӣ дар самти кортҳои пардохтӣ дода шуда, шаҳодатгари эътимоди баланди НПБ VISA International ба бонк мебошад.

  Мақоми узви асосӣ ба Спитамен Бонк имконият фароҳам меорад на танҳо бо Низоми байналмилалии пардохтии VISA ҳисоббаробаркуниҳои мустақим анҷом диҳад, балки, ҳамчунин ташкилотҳои қарзии ватаниро чун ассотсиат (шарик) қабул намуда, бо сиёсати мустаққилонаи нархгузорӣ ба онҳо хизмат расонад.


Бозгашт