Ҳафтаи умумиҷаҳонии пул - оғози бошукӯҳ!

16.04.2021



Спитамен Бонк, ҳамчун иштирокчии фаъоли барномаҳои ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ равонашуда, дар доираи таҷлили Ҳафтаи умумиҷаҳонии пул (Global Money Week), бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон, тӯли шаш сол аст барои кӯдакон ва ҷавонон семинарҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.
20210413_105909.jpg
Буҷаи шахсии худро чӣ тавр идора кунам? Ҷои беҳтарин барои нигоҳ доштани пул куҷост? Кортҳои бонкӣ барои чӣ лозиманд? Ба ин ва дигар саволҳои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии №62, №18 ва №57- и шаҳри Душанбе Дилноза Назирова, мудири яке аз Марказҳои Хизматрасонии Бонкӣ ва Ҳалимов Убайдулло, мутахассиси шӯъбаи қарзии филиали Спитамен Бонк воқеъ наздикии МС «Садбарг» посух доданд.
IMG_20210413_100221.jpg
Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакон ва ҷавонон қадами муҳим дар роҳи таҳкими ояндаи устувори молиявии кишвар мебошад. Насли ҷавон азхудкунии асосҳои саводнокии молиявиро ҳар қадар зудтар оғоз кунанд, ҳамон қадар дар олами молия ҷои худро зуд хоҳанд ёфт.
photo_2021-04-14_16-34-37.jpg
Иштирокчиён қайд намуданд, ки семинар ба онҳо хеле писанд омад ва онҳо ҳатман донишҳои андӯхтаро дар амал истифода мебаранд.
photo_2021-04-14_16-34-38 (3).jpg
Бо назардошти ҳавасмандии баргузории чунин чорабиниҳои таълимӣ ҳам аз ҷониби худи иштирокчиён ва ҳам аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, Спитамен Бонк минбаъд низ фаъолонаро дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ дар минтақаҳое, ки нуқтаҳои хизматрасонии Спитамен Бонк ҷойгиранд, идома хоҳад дод.
photo_2021-04-14_16-34-38.jpg


Бозгашт