Дарси Саводнокии молиявӣ акнун дар вилояти Суғд - Спитамен Бонк

Дарси Саводнокии молиявӣ акнун дар вилояти Суғд

12.07.2021



Дар доираи чорабиниҳои доир ба ворид намудани фанни "Саводнокии молиявӣ" ба барномаи таълимии донишгоҳҳои кишвар ва бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон, Спитамен Бонк ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
 
Шурӯъ аз 1-уми сентябри соли 2021 донишҷӯёни донишгоҳи номбурда ин фанро тибқи барномаи китоби дарсии "Саводнокии молиявӣ" меомӯзанд, ки муаллифи он доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини якуми раиси Раёсати Спитамен Бонк Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич мебошанд.
 
Ёдовар мешавем, ки чунин созишнома аллакай бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба имзо расидааст.


Бозгашт