Дар ягон давру замон ҷавонони тоҷик чуноне, ки дар даврони Истиқлол дастгирӣ карда мешаванд, дастгирӣ нашуда буданд! - Спитамен Бонк

Дар ягон давру замон ҷавонони тоҷик чуноне, ки дар даврони Истиқлол дастгирӣ карда мешаванд, дастгирӣ нашуда буданд!

07.10.2021



Бо гуфтаҳои боло Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода,  суханронии худро дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи бонкдорӣ, ки санаи 5-уми октябр дар бинои Бонки милии Тоҷикистон гузашт, оғоз намуданд.
1.png
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон  Накҳатзода Моҳбону  Киромиддин ҳамагонро бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ ва шодрӯзи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, қайд карданд, ки айни ҳол шумораи кормандони соҳаи бонкдорӣ аз ҳисоби ҷавонони то 30-сола сол аз сол меафзояд ва боиси хурсандист, ки ҷавонон бо диди нав ба соҳа таҳаввулотҳои тоза ворид намуда истодаанд.
6.jpg

Ғайр аз ин, иштирокчиёни ҳамоиш, намояндагони ташкилотҳои қарзӣ,  маърузаи худро дар мавзӯи “Дастовардҳо ва дурнамо” пешкаш намуданд.

Дар хотима, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ба унвони Раисони Раёсати бонкҳо, аз ҷумла Раиси Раёсати Спитамен Бонк муҳтарам Наврӯз Самандарзода барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлати ҷавонон, мусоидат дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи кишвар баҳри баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси худшиносии ҷавонон, ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҳамоиши ҷавонони соҳа бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
3.png


Бозгашт