Баимзорасии созишномаи ҳамкории Спитамен Бонк ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар самти болобардории саводнокии молиявии ҷавонон

06.07.2021



Дарси "Саводнокии молиявӣ" дар асоси китоби ҳамноми Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич, доктори илмҳои иқтисод, муовини аввали Раиси Раёсати Спитамен Бонк дар донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ аз моҳи сентябри соли 2021 ҷорӣ карда хоҳад шуд.
211677887_3859407634169937_329695747824172420_n.jpg
Ин ва дигар дурнамои ҳамкориҳоро рӯзи 3-юми июл Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич ва Ректори Донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дар мулоқоти корӣ баррасӣ намуданд. Инчунин ба намояндагони Бонк синфхонаи амалии Донишгоҳ, ки ҳамчун нуқтаи хизматрасонии бонкӣ муҷаҳҳаз шудааст, намоиш дода шуд.
212264549_3859408327503201_8996034969633747342_n.jpg
Ҷонибҳо қарор карданд, ки аз аввали соли хониш як қатор семинарҳои омӯзишиву амалӣ аз ҷониби кормандони Бонк барои донишҷӯёни муассисаи таълимии номбурда гузаронида хоҳад шуд ва ин равобит бевосита таҳти назорати муовини аввали Раиси Раёсат қарор мегирад.
214035008_3859408394169861_4981304874327730982_n.jpg
Ғайр аз ин, тасмим гирифта шуд, ки ба ҳама устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд ва ё барои такмили ихтисос мераванд, корти байналмиллалии VISA классики Спитамен Бонк ройгон тақдим карда мешавад.


Бозгашт