Уфуқҳои ҳамкориро густариш медиҳем

22.09.2021



6 сентябри соли 2021 дар рафти вохурии кории намояндагони Спитамен Бонк ва низоми пардохтии байналмиллалии MasterCard дар шаҳри Алма-Ато дурбини нақшаҳои ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд.

Ҷонибҳо рушди минбаъдаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои роҳандозии қисми эквайрингӣ, инчунин гирифтани шаҳодатномаи тасдиқкунандаи амнияти кортҳо ва ҷараёни стандартизатсиякунониро баррасӣ карданд.

Оғози татбиқи амалии фурӯши кортҳои MasterCard, ки аз ҷониби Спитамен Бонк бароварда мешаванд, дар нимаи аввали соли 2022 ба нақша гирифта шуда, марҳилаи муҳими рушди бозори пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

Илова бар ин, ҳамкорӣ бо MPS MasterCard ба стратегияи бонк оид ба чораҳои гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ, рушди бозори кортҳои пардохтӣ ва коҳиш додани ҳиссаи пардохтҳои нақдӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар роҳи рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои навин идома хоҳанд дод.


Бозгашт