Солимии ҷомеа боигарии давлат мебошад!

02.09.2021



Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти ташаккули тарзи ҳаёти солим, бо қарори Роҳбарияти ҶСП “Спитамен Бонк” мусобиқаи дохилӣ оид ба мини футбол “Ҷоми Спитамен – 2021” миёни департаментҳо, идораҳо, шуъба ва филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ ташкил карда шуд.
2.png

Мусобиқаи дохилӣ дар рузҳои истироҳатӣ гузаронида шуда, дар он дастаҳо аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

IMG_9922.JPG

Мусобиқаи футболи дохилӣ аз ҷониби Роҳбарияти бонк ифтитоҳ гашта, онҳо ҳозиринро бо оғози бозиҳои футбол муборакбод намуданд.

IMG_9928.JPG

Лозим ба ёддоварист, ки новобаста аз иҷроиши рисолаи асосӣ, яъне пешниҳод намудани хизматрасониҳои сифатноки молиявӣ, кормандони бонк дар тарғиби тарзи ҳаёти солим фаъолона иштирок менамоянд.


Бозгашт