Спитамен Бонк ва Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи баланд бардоштани саводнокии молиявӣ шартнома ба имзо расониданд

04.06.2021



Сатҳи саводнокии молиявии аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир паст аст ва баланд бардоштани он талаботи фаврии ҳамаи иштирокчиёни бозор мебошад. Бо мақсади мусоидат ба баланд бардоштани саводнокии молиявии насли нав доктори илмҳои иқтисодӣ ва ҳамзамон Муовини аввали раиси Раёсати Спитамен Бонк Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич китоби "Саводнокии молиявӣ" -ро аз чоп баровард.

IMG_8799.JPG

Бо мақсади ворид кардани ин китоби дарсӣ ба барномаи таълимии донишгоҳҳо, Спитамен Бонк ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 1 июн шартнома ба имзо расонида, ки мувофиқи он аз аввали соли хониши меомада, ба донишҷӯён аз фанни "Саводнокии молиявӣ" дарс гуфта мешавад.

Ректори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аҳамияти ин дарсро алоҳида таъкид намуда, ба ҳамкории зич бо Спитамен Бонк, алахусус дар соҳаи бо ҷои кор таъмин кардани хатмкунандагони донишгоҳ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар охири вохӯрӣ Ҳикматов Умедҷон Сафаралиевич, муаллифи китоби дарсии "Саводи молиявӣ" дар вазъияти тантанавӣ ба китобхонаи донишгоҳ 100 нусха китоб тақдим намуданд.

IMG_8820.JPG


Бозгашт